Arzon march 2024
Мураббо аз олуча
8014

• Маҳсулоти лозима: • об – 1,5 стакон • олуча – 1 кг • шакар- 1,2 кг Тарзи таҳия Амали 1 Олучаро шуста аз думчаҳояш тоза кунед. Бо чӯбчаи дандонҳилол ҳар як донаи олучаро аз чанд ҷояш сурох кунед. Амали 2 Дар зарфи мураббопазӣ обро ҷӯшонида аз оташ гиреду олучаро илова кунед (об бояд олучаро пушонад). Баъди 1,5 дақиқа оби олучаро партоед. Амали 3 Аз 1,5 стакон об ва ними шакар қандоб тайёр кунед. Амали 4 Қандоби ҷӯшонро ба болои олучаҳо рехта, 4 соат нигоҳ доред. Баъдан мурабборо дар оташи паст монда, то ҷӯшонидан расонед ва шакари боқимондаро илова карда, боз 10 дақиқаи дигар ҷушонеду кафкашро гиред. Мурабборо аз оташ гирифта, 6 соат нигоҳ доред. Баъдан бори дигар ҷӯшонида, оташашро паст кунеду 10 дақиқа ҷушонед. Амали 5 Бонкаҳоро шуста, дар буғ тамиз кунед. Меваҳои мурабборо ба бонкаҳо пур кунеду қандобашро боз 15 дақиқаи дигар ҷушонида ба бонкаҳо андохта даҳони бонкаҳоро маҳкам кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД