Formula september
Нӯшокиҳои тобистона кадомҳоянд?
13837

 

Нӯшокии шифобахш аз райҳон

 

Нӯшокии райҳон бо фоидааш ба сулфа машҳур аст. Он мушкилиҳои ҳазмкуниро/ҳалкуниро меравонад, рудаҳоро ба кор медарорад. Ғарғара карданаш барои табобати яраҳои даҳон таъсири мусбӣ дорад. Барои хароб шудан фоиданок аст (равғанҳои вуҷудро об мекунад). Сартобхӯриро дар натиҷаи камшавии шакари хун меравонад. Барои пешгирии "стресс" таъсирбахш аст. Барои камхунӣ ҳам фоида дорад.

Маҳсулоти лозима:

  • 1 банда райҳон;
  • 4 қошуқ шакар;
  • 1 дона лимон;
  • 200 грам оби ҷӯшомада.

Тарзи таҳия:

Дар зарф баргҳои райҳонро ҷудо карда, мегирем. Аз болояш 4 қошуқ шакар, 1 дона лимонро реза карда меандозем ва 6 – 7 стакон оби ҷӯшомада илова карда, омехта мекунем, ки шакар об шавад. Шакар, ки об шуд, болои зарфро мепӯшонему мемонем, ки 15 дақиқа истад. Баъди 15 – дақиқа баргҳоро аз зарф мегирем ва нӯшокиро аз элак мегузаронем дар графин мегирем ва дар яхдон мемонем то ки хунук шавад. Нӯшокии ҳам болаззат аст, ҳам хушбӯй ва ҳам шифобахш.

Лимонади хонагӣ

Маҳсулоти лозима:

  • 2 дона лимон;
  • 1 дона апелсин;
  • 1 стакон шакар;
  • 300 грам - об
  • пӯдина;

Тарзи таҳия:

Дар зарф лимон ва апелсинро реза карда мегирем. Аз болояш 1 стакон шакар, об ва 5 – 6 дона барги пӯдина илова карда, бо асбоби махсус хуб омехта мекунем то ки афшураи он барояд. Баъдан нӯшокиро аз элак мегузаронем ва 30 дақиқа дам медиҳем. Пас аз он аз болояш 1 литр оби хунук илова мекунед ва дар графин гирифта, нуши ҷон мекунед.

Нӯшоки бо олуча

Маҳсулоти лозима:

  • 400 грам олуча;
  • 100 грам шакар;
  • оби ҷӯшомада;

Тарзи таҳия:

Дар зарф олуча, шакар ва обро илова карда, 30 дақиқа то ҷӯш омаданаш меҷӯшонем. Баъди ҷӯшидан нӯшокиро дар об мемонем, то ки хунук шавад. Пас аз он дар графин гирифта, истеъмол мекунед.

Нӯшокии “Махито”

Маҳсулоти лозима:

  • 1 дона лимон;
  • пӯдина;
  • об.

Тарзи таҳия:

Дар зарф пӯдинаҳоро баргҳояшонро ҷудо карда меандозем ва 1 стакон об илова карда, бо блендер омехта мекунем. Баъдан онро аз элак мегузаронем ва дар графин мегирем. Аз болояш лимонро реза карда, мегирем. 5 – 6 дона барги пӯдина илова карда, нӯшокии спрайт мерезем ва 30 дақиқа дам медиҳем. Баъди ин, хунук карда, нӯшед.

Нӯшоки бо олу

Маҳсулоти лозима:

  • 500 грам олу;
  • 200 грамм шакар;
  • 2 литр об;

 

Тарзи таҳия:

Дар зарф обро мегирем ва олуҳоро аз байнашон 2 тақсим мекунем илова мекунем. Ба дарунаш шакар илова мекунем ва 1 соат дар оташ мемонем ки ҷӯшад. Баъдан онро дар оби хунук мегузорем то ки хунук шавад. Хунук ки шуд дар графин гирифта истеъмол мекунед.

Нӯшокиҳои мо омодаанд! Нӯши ҷонатон бод!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД