arzon replenishment
Марги фоҷиавии кӯдаки 4-сола бар асари садамаи нақлиётӣ
11.04.2025
Оила
193

 

Дирӯз, 10-апрел дар кӯчаи Зафари шаҳри Душанбе ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рӯй дода, боиси марги як духтарчаи 4-сола гаштааст.

Беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯчаю пастӯчаҳои серодам аксаран боиси сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегардад. Чунин ҳодисаи нохуш дирӯз дар кӯчаи Зафар рӯй дода, ронандаи мошини сабукрави тамғаи “Хундай” Азиза ном як духтарчаи 4-соларо, ки дар кӯчаи мазкур бозӣ мекард, бо мошинаш пахш намудааст.

Бино бар маълумоти Раёсати ВКД дар Душанбе кӯдаки хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД