Formula novemver 2024
Дар арафаи Рамазон, маҳсулот шавад арзон!
24.03.2022
ОИЛА
927

 

Рӯзҳои охир якбора ба осмони ҳафтум дакка хӯрдани нарху наво дар бозору мағзаҳо тамоми мардум, хоса сокинони шаҳри Душанберо сахт ба ташвиш овардааст.

Аксарият ҳайронанд, ки бо чунин қиматӣ моҳи шарифи рамазонро чӣ гуна мегузаронида бошанд. Аз ҳамин хотир агентии “Тайрон”тасмим гирифтааст, ки дар арафаи моҳи мубораки рамазон барои мардуми тоҷик кори савоберо анҷом дода, муддати се рӯз дар Кохи Борбад ярмарка-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватаниро бо нархҳои дастрас ва арзон ташкил намояд.

Маҳсулоти арзон ва хушсифат, биёву бихар!

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” баргузор гашта, рӯзҳои 25,26 ва 27-уми март бузургтарин ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти худро бо нархҳои нисбат ба бозор хеле пасттар ба харидорон пешкаш месозанд. Харидорон метавонанд аз ин намоишгоҳ маҳсулоти хӯрока, молҳо барои хона ва дигар намудҳои молу маҳсулоти ниёзи худро бо нархи яхлухт дастрас намоянд.

Кадом ширкатҳо маҳсулоти худро ба фурӯш мебароранд?

Ин бори аввал нест, ки агентии “Тайрон” дар моҳи шарифи рамазон сокинони Тоҷикистонро бо маҳсулоти хушсифат ва арзон хурсанд месозад. Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” таърихи қариб даҳсола дорад ва имсол бори нӯҳум аст, ки дар доираи ин лоиҳа намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегардад. Тавре ки дастандаркорони лоиҳа мегӯянд, имсол рӯзҳои 25, 26, 27-март дар Кохи Борбад ҳудуди 27-30 ширкати машҳури истеҳсолию маишии ватанӣ, аз ҷумла ширкатҳои овозадори “Рамазон”, “Файзи Расул”, “Покиза”, “Ҳавас”, “Баҳори пурфайз”, “Мармарӣ”, “Кок”,“Раҳмат-2004”, “Шоколатье”, “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Фаровон-1”, “Авицена”, “, “Сиёма” ва “Шоҳамбарӣ” намудҳои гуногуни маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла гӯшти гов, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои хушмазза, орд, макарон, равған, тухм, шир, қаймоқ, сметана, торт, шоколад, кулчақандҳои бомазза, шарбатҳои гуногуни мева, обҳои газноку минералӣ ва анвоъи дигари маҳсулоти хӯрокаро бо нархҳои нисбат ба бозор паст ба муштариён пешкаш менамоянд.

Мехоҳед хонаатон тозаву озода бошад?

Яке аз фазилатҳои моҳи шарифи рамазон ин покизагист ва тамоми мардуми мусалмон кӯшиш мекунанд, ки дар арафаи ин моҳи муборак манзили худро тозаву озода гардонанд. Дар ин кори муҳим ширкатҳои “Рамис” ва “Химус” ба шумо ёрӣ расонида, рӯзҳои 25, 26, 27 март дар Кохи Борбад намудҳои гуногуни маҳсулоти кимиёвии шустушӯиро бо нархи арзон пешкашатон мегардонад. “Қолин-сервис” бошад, омода аст, ки қолин, гилему гилемча ва рӯйпӯшҳои ғафси шуморо, ки дар давраи тирамоҳу зимистон чиркин шудаанд, дар муддати кӯтоҳ шуставу хушк карда, тозаву озода ба манзилатон бирасонад.

Дар орзуи қолини нав ва яхдону телевизор ҳастед?

Албатта ҳар як инсон мехоҳад, ки манзилаш зебо, назаррабо ва бароҳат бошад. Мо ба шахсоне, ки дар фикри бо қолинҳои нав зиннат бахшидани кошонаи худ ҳастанд ё мехоҳанд мошинаи ҷомашӯӣ, яхдон, тафдон, телевизор ва дигар асбобҳои зарурии рӯзгорро бо нархҳои арзон дастрас намоянд, маслиҳат медиҳем, ки ҳатман ба Кохи Борбад рафта, молҳои ниёзи худро аз ин намоишгоҳ ҷустуҷӯ намоянд, зеро ширкатҳои машҳури “Қолинҳои форс” ва “Артел” рӯзҳои 25, 26, 27 март молҳои истеҳсолкардаи худро дар ин намоишгоҳ бо нархи яклухт ба харидорон пешкаш менамоянд.

Мехоҳед солим ва зебо бошед?

Ширкатҳои “Евродент” ва Маркази зебоии “Сафия” бошанд, ғами зебиву солимии шумо хӯрда, ба мизҷон намудҳои гуногуни хизматрасониҳои косметикӣ ва солимию зебоиро пешкаш хоҳанд кард. То моҳи шарифи рамазонро бо данднҳои мисли садаф дурахшон ва чеҳраи ҷавону пуртаровату дилкаш пешвоз бигиред.  

1111-таксӣ дар хизмати шумост!

Аз харид кардан дида, баъзан андешаи чи тавр ба манзил расонидани маҳсулоти харидашуда харидоронро бештар ташвиш медиҳад. Агар шумо ҳам дар ғами аз куҷо мошин ёфтан ва чи тавр ба хона бурдани маҳсулот бшед, тамоман ташвиш накашед. Ширкати “Як-таксӣ” яке аз иштирокчиёни лоиҳаи “Тағмғаи писандидаи Тоҷикистон-2022” буда, рӯзҳои 25, 26, 27-март мошинҳои ин ширкати овозадор дар назди Кохи Борбад дар хизмати муштариён ҳастанд. 1111-таксӣ молу маҳсулоти харидаи шуморо бо нархи арзон дар як мижа задан ба манзилатон мерасонад!

Сарпарастони лоиҳа

Ногуфта намонад, ки ширкати рекламавии “Тайрон”Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи тоҷикитсон-2022-“-ро дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон баргузор месозад.

Сарпарасти кулли лоиҳа Parimatch буда, ширкатҳои “Артел” ва “Сиёма” шарикони лоиҳаи мазкуранд.

“ТВ-Сафина”, “Радиои Ватан”, “Авто-радио”, “Ҳамсадо” ва “Оила” шарикони иттилотии ин лоиҳа мебошад.

Рӯзҳи 25, 26, 27 март мо шуморо дар Кохи Борбад интизорем!

3M1A83893M1A86493M1A86763M1A8455

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД