arzon replenishment
Бонуи футболбози тоҷик дар Аврупо
4159

Бонуи футболбози тоҷик дар Аврупо
Мадина Фозилова яке аз футболбозбонувони муваффақи Тоҷикистон аст. Соли 2021 ӯ ба тими “NICA”- и Гурҷистон роҳ ёфта, дар таърихи кишвар аввалин варзишгарбонуи тоҷик дар футболи Аврупо гардид.
Мадина аз соли 2007-2017 дар дастаи “Ласточка”-и шаҳри Душанбе ва аз соли 2017-2020 дар дастаи “Зебониссо” бозӣ кардааст. Дар давоми фаъолияти худ 8 маротиба ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол эътироф шудааст. Бонуи футболбози тоҷик дар баробари дастаҳои бозикардааш ҳамзамон капитани тими миллии бонувони Тоҷикистон оид ба футболро низ ба ӯҳда дорад. Дар ин ҳайат низ борҳо ба муваффақиятҳои шоён даст ёфтааст. Мадина як моҳ пеш ба дастаи футзали “Maldives Port Limited”-и Малдив гузашт. Ӯ дар нахустин бозиаш ба муқобили бошгоҳи “Фенека” ду гол ва як партофти натиҷаовар анҷом дода, беҳтарин бозингари бозӣ дониста шуд. Дар ин бозӣ ба ӯ унвони “Маликаи бозӣ”-ро доданд.
your.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД