shoh palace
Зулайхо Маҳмадшоева саҳнаро бо тиҷорат иваз кард?
11.06.2022
ОИЛА
972
no-img


Ман мухлиси сарояндаи зебову хушсадо Зулайхо Маҳмадшоева ҳастам. Маро на танҳо садову симои ин бонуи ҳунар, балки тарзи либоспӯшиву интихоби намудани либосҳои саҳнавии ӯ хеле писанд аст.

Тавре тавассути сомонаҳои интернетӣ хабар ёфтам, Зулайхо дар кишвари Туркия ба истеҳсоли либосҳои занона сар кардааст. Аз ин хабар сахт хушҳол шудам, вале донистан медоҳам, ки сарояндаи хушзавқи мо мағозаи худро дар Душанбе кай боз мекунад?

Дилноза, аз. Душанбе.
Посух

Зулайхо Маҳмадшоева ба истеҳсоли либосҳои занонаи худ оғоз намудааст. Чуноне сароянда дар саҳифаи расмияш дар инстаграм хабар додааст, либосҳои занона таҳти тамғаи “Lady Zulay” дар ҷумҳурии Туркия таҳия ва истеҳсол мешаванд. “Боз як орзуи ман амалӣ шуд. Имрӯз корро ҷиҳати истеҳсоли либосҳои бренди “Lady Zulay” оғоз кардем. Умедворам, ки шуморо бо сифати хуб ва нархи дастрас хушҳол хоҳем кард” навиштааст Зулайхо дар Инстаграм. Зулайхо барои кумаку дастгириҳояшон ба тарроҳ Турай Калимӣ ва чанде дигар изҳори миннатдорӣ кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки Зулайхо мағозаи худро дар Тоҷикистон кай боз мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД