Sebiston new 2024 october
Зулайхо баъди ба Ҳаҷ рафтан тарки саҳна мекунад?
2549

Зулайхо Маҳмадшоева яке аз ситораҳои саршиноси эстрадаи тоҷик аст, ки бо ҳунари волояш маҳбуби ҳамагон гаштааст. Ин бонуи ҳунар дар рӯзи зодрӯзаш - 9-уми сентябр аз сафари худ ба Ҳаҷ хабар дод. Мехоҳед бидонед, ки Зулайхо баъди ба Ҳаҷ рафтан тарки саҳна мекунад ё не?! Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Зулайхо Маҳмадшоева бо нашри чанд акс дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” аз сафари худ ба Ҳаҷ хабар дод. Зиёде аз мухлисони ин бонуи ҳунар гумон карданд, ки баъди Ҳаҷ Зулайхо тарки саҳна мекунаду мухлисонашро танҳо мегузорад. Бахтовари Ҷамшед, продюсери ин сароянда зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj дар мавриди он ки Зулайхо баъди Ҳаҷ рафтан тарки саҳна мекунад ё не, чунин гуфт: “Бону Зулайхо баъди Ҳаҷ тарки саҳна намекунад. Ӯ мисли қабл ҳамеша дар хизмати халқи азиз аст. Ӯ чун ҳамеша дар чорабиниҳо ва тӯйҳо иштирок намуда, хотири мухлисонашро шод месозад. Ӯ танҳо хост имсол дар зодрӯзаш ба Хонаи Худо сафар кунаду шукргузорӣ намояд, ки ба ин синну сол расиду Худованд барои ӯ ин қадар обрӯву эътибор дод”.

Ёдовар мешавем, ки Зулайхо дар баробари ҳунарманд будан, ҳамчунин соҳибкори муваффақ дар миёни бонувон ва ҳаводоронаш маҳсуб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД