Sebiston new 2024 october
Зубайдулло Самадзода бо медали ҷашнӣ қадрдонӣ шуд
915

Зубайдулло Самадзода, нафаре, ки бо қироати як шеър аз Сайидои Насафӣ машҳур шуд, аз ҷониби вазири мудофиа бо медали ҷашнӣ сарфароз гашт.

Вазорати мудофиаи мамлакат ӯро бо медали ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ қадрдонӣ намуд. Ин нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаро аз номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо полковник Қаландарзода Искандар Муқим ба Зубайдулло супурд.

“Дирӯз маро ба утоқи кориашон даъват карда, медали ҷашниро тақдим карданд. Аз муҳтарам вазир барои қадрдониашон миннадорам”,- гуфт Зубайдулло зимни суҳбат бо Oila.tj.

Бояд гуфт, ки Зубайдулло Самадзода 15-уми октябри соли 2002 дар деҳаи Куҳдомани ноҳияи Рашт ба дунё омадаву зиндагӣ мекунад. Онҳо дар оила 4 фарзанданд ва Зубайдулло писари калонии хонадон аст. Соли 2018 баъди хатми мактаби миёнаи деҳа ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дохил шуд, вале аз сабаби набудани маблағ таҳсилро поён наоварда, тарк кард ва ба Маскав ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт.

Ӯ соли 2021 ба бахши фосилавии факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар минтақаи Рашт дохил шуд ва ҳоло дар соли сеюм таҳсил мекунад. Дар баробари таҳсил, муаллими фанни таърих ва ҳуқуқ дар мактаби деҳаашон асту вақтҳои холӣ мисли дигар деҳотиён чорво мечаронаду алаф медаравад.

Ҳоло ба фаъолияти блогерӣ, ровигӣ ва таблиғи хизматрасониҳои гуногун тариқи интернет машғул аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД