Sebiston new 2024 october
Зубайдулло корманди ГАИ-ро қасдан бо мошинаш кашола карду...
741


Рӯзи 15-уми феврал, тахминан соати 2:20 дақиқаи шаб ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайёта- Камрӣ”, рақами қайди давлатиаш 0302СК01, дар кӯчаи Изатулло Ҳаёеви ноҳияи Фирдавсӣ ба корманди бозрасӣ итоат накарда, инчунин тавассути қисмати пеши мошини худ корманди бозрасиро як чанд метр кашола карда, фирор кардааст.

"Муносибати дағалонаи ронанда аз ҷониби роҳгзаре ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои интернетӣ нашр гашт ва боиси ба вуҷуд омадани вокунишҳои зиёд гашт".

Имрӯз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ронандаи мазкур-Исматзода Файзалӣ Зубайдулло, санаи таваллудаш 09.11.1992 аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Мошин дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, нисбати ронанда-Исматзода Файзалӣ тибқи талаботи моддаи 329-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД