arzon replenishment
Зубайдулло ба ҷойи модараш дар мактаб фаррошӣ мекард, вале...
1341

Зи ман ранҷидаӣ, сайёди ҳуши ман кӣ хоҳад шуд? Ин шеър имрӯз дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад ва қироаткунандааш Зубайдулло Самадзода хеле машҳур гаштааст.

Муаллифи қисми аввали шеър Сайидои Насафӣ буда, қисми дуюми шеърро худи Зубайдулло навиштааст. Мехоҳед донед, ки Зубайдулло пеш аз машҳур шудан чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед.

Зубайдулло Самадзода дар деҳаи Каврак ё Куҳдомани дараи Камароби ноҳияи Рашт зиндагӣ мекунад. Муаллим аст, дар мактаби деҳа аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегӯяд, вақтҳои холӣ бошад, мисли дигар деҳотиён чорво мечаронад, алаф медаравад...

Дар оила 4 фарзанданд ва Зубайдулло писари калонии хонадон аст. Соли 2018 аз сабаби набудани маблағ донишгоҳро тарк карда, ба муҳоҷират рафтааст, вале бо сабаби қиммат будани нархи патент боз ба Ватан баргашт.

Аз рӯйи нақли худаш, модараш дар мактаб фаррош будааст. Зубайдулло намегузошт, ки модараш бо фаррошӣ машғул шавад, худаш баъди дарс пинҳонӣ аз ҳама фарши синфхонаҳоро мешуст.

Пас аз машҳур шудани Зубайдулло зиндагии онҳо алакай дигаргун шудааст. Акнун ӯро барои нақш бозидан дар клип-таронаҳо даъват мекунанд. Вай нақша дорад, ки дар оянда зиндагиашонро аз ҳисоби блогерӣ беҳтар кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД