Formula september
Зӯроварӣ нисбати кӯдак ҷавобгарӣ дорад?
23.07.2023
ОИЛА
586


Оё яке аз волидайн ҳақ доранд, ки зимни тарбияи кӯдак усулҳои тарбияи бераҳмиро истифода намоянд?
Юсуф, ш.Душанбе.

Мувофиқи талаботи қонун, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад.

Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё сӯиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Истифодаи ҳамагуна намуди зӯроварӣ нисбати кӯдак боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад. Дар мавриди бо ҳолатҳои зӯроварӣ рӯ ба рӯ гардидани кӯдакон, мақомоти васоят ва парасторӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура чораҳои қонунӣ татбиқ менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД