Даричаи ошноӣ
Номи асли: Сера Текомдомир
Соли таваллуд : 1 апрели 1981
Ҷои истиқомат: Мерсини Туркия
Вазн: 59 кг
Бурҷ- Ҳамал
Шуғли дӯстдошта: Театр ва асптозӣ.
Духтари аспбоз
Сера Текудомир дар рӯзи ханда-1 апрели соли 1981 дар шаҳри Мерсини Турсия ба дунё омадааст. Падараш дар фермаи аспҳои тозӣ роҳбар аст, модараш бошад моделер. Сера аз хурдӣ ҳамроҳи падараш ба ферма рафта асптозиро меомӯхт. Ҳанӯз ҳафтсола буд, вақте ки бори аввал ба асп савораш карданд. Сера яккадухтар ва эркаю азизи волидон буд, аз ҳамин хотир падараш ҳавлии бошукуҳашонро фурӯхта, барои ӯ аспи қашангу зебои бисёр қимматбаҳоеро харид. Нозпарварди падару модар бошад ҳам, Сера мисли дигар эркачаҳо танбалу фориғбол набуд, дар мактаб аъло мехонд, пас аз дарсҳо бошад, ҳунарҳои занонаро меомӯхт. Ҳамсояҳо ба ин духтараки серғайрат бо ҳавас нигариста, Сераро ба фарзандонашон ҳамчун намуна нишон медоданд.
Зебосанаме, ки панҷ панҷааш ҳунар аст
Соли 2003 Сера мактабро бо медали тилло хатм намуда, ба бахши «санъат ва ҳунарҳои зебо»-и Университети Истамбул дохил шуд. Азбаски аз хурдӣ бекор нишаста наметавонист, пас аз дарс ба мактаби махсуси забономӯзӣ, ки «sahneledig» ном дорад, рафта забонҳои зиёди ҷаҳониро аз худ намуд. Вақте дар байни хатмкунандагони донишгоҳ озмуни «Роҳ ба сӯи синамо» эълон гашт, Сера низ худро дар қатори довталабон номнавис намуд. Вай аз уҳдаи навохтани пианино ва гитор ба дараҷаи профессионалӣ мебаромад, дар баробари ин боз чандин ҳунарҳои дигар дошт. Бартарии Сера Текудомирро аз дигар довталабон баръало эҳсос намуда, ҳайъати ҳакамон, ки аз зумраи машҳуртарин коргардонҳо ва ҳунармандони театру кинои кишвар ба шумор мерафтанд, ин зебосанамро ғолиби озмун эълон намуданд.
Роҳ ба сӯйи муваффақият
Акнун Сера Текудомирро ҳамчун ғолиби озмун дар роликҳои рекламавии кӯтоҳмуддат ба навор мегирифтанд ва чеҳраи ин олиҳаи ҳусну ҷамол тез-тез дар телевизион пайдо мешуд. Роликҳое, ки бо иштироки Сера сабт мешуданд, ба зудӣ дар байни мардум машҳур мегаштанд. Ин паричеҳра энергияи аҷибе дошт ва мардумро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид. Ин чиз аз чашми мисли чашми уқоб тезбини коргардонҳои синамо дур намонд ва Сера Текудомирро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Дар байни ҳайати эҷодӣ нисбат ба Сера ду андеша мавҷуд буд-як гурӯҳ мегуфтанд, ки ба ин актриссаи навкор барои санҷиш ягон нақши хурдакакро додан лозим аст, гурӯҳи дигар мехостанд ин фариштаро дар нақши асосӣ бубинанд. Байни ҳайати эҷодӣ сари ин масъала баҳсу талошҳои зиёде шуд, вале саркоргардон аз андешаи худ нагашта, офаридани нақши марказиро дар филм ба Сера Текудомир бовар кард.
Парвози мурғи шуҳрат
Сера шабу рӯз нақшашро машқ карда такмил медод, то коргардонро ба қавле «подводит» накунад. Ин зебосанам аз хурдӣ як одати хуб дошт, агар кореро даст бигирад, онро дар сатҳи олӣ ба анҷом мерасонд. Вай ҳеҷ гоҳ кори саркардаашро дар нимароҳ намонда буд. Ҳамин хислати табииаш Сераро ба он водор месохт, ки ҷузъиётҳои нозуктарини қаҳрамонашро омӯхта, дар экран як образи бисёр ҷаззоб ва хотирмон офарад. Хушбахтона, талошу заҳматҳояш натиҷаи хуб доданд ва филм тамошобини бисёр пайдо намуда, номи Сера Текудомирро вирди забони хурду калон гардонд.
Акнун ин ҳунарманди боистеъдоди туркро натанҳо дар кишвараш, балки қариб дар саросари олам мешиносанд ва филмҳояшро бо шавқу завқи зиёд тамошо мекунанд. Ин шабу рӯзҳо хурду калони кишвари мо муштоқона баромадани серияҳои нав ба нави сериали «Калтакалос»-ро, ки дар он Сера Текудомир нақши Зуҳро-арӯси Домулло Зиёро мебозад, интизорӣ мекашанд. Аз ҳамин хотир бо Сера суҳбати кӯтоҳе оростем атрофи ана ҳамин филм.
Аз муҳовара
-Сера, мардуми тоҷик шуморо ҳамчун Зуҳро аз филми машҳури «Ҳидоят» хуб мешиносанд. Филм бисёр пурмоҷарою пурпечутоб аст. Хаста нашудед?
-Хастакунанда бошад ҳам, ин филм маро машҳур кард, барои ҳамин шикоят кардан аз рӯйи инсоф нест. Ман аз коргардон то нафаси охиринам миннатдорам, ки ин нақши аҷибро ба ман бовар намуд.
-Ман чизи дигарро дар назар дорам, домулло Зиё бисёр маккор аст, ҳиллаю найрангҳои бисёре дорад, масалан дар рӯзи тӯй якбора гум шуданаш шуморо ба ғазаб наовард?
-Гуфтаниед, ки барои домумулло Зиёд гиря кардан ба дилам назад?
-Бале, Калтакалос шуморо бисёр ғам медод.
-Ин нақш аст, агар ҳамин найрангҳои Калтакалос набуданд, филм машҳур намешуд. Ман бисёр кӯшиш намудам, ки барои домулло Зиё ғам хӯрдани Зуҳро табиӣ барояд.
-Ба назар чунин мерасад, ки шумо дар ҳақиқат ба Калтакалос ошиқ шудаед…
-Пештар айнан ҳамин саволи шуморо ба ман модарам дода буд. Бечора модарам «чашмони ин бача-Темур ким-чӣ хел бозингаранд, боз ба вай ошиқ шуда ҳаётатонро насӯзонӣ» мегуфт бо изтироб. Базӯр ӯро бовар кунондам, ки Темур дар асл инсони хуб аст ва байни мо ба ҷуз ҳамкорӣ дигар чизе нест. Мо дӯстони ҷонием, вале Темур зиндагии худро дораду ман зиндагии худамро.
-Саргузашти Калтакалос ва арӯси замонавиаш бисёр аҷиб аст. Филмро дар дигар кишварҳо чӣ хел қабул карданд?
--«Ҳидоят» хит гашт гӯем ҳам, хато намекунем. Ин филм дар бисёр кишварҳо тамошобини худро ёфта, ҷоизаҳои бисёре овард. Ману Темур Акарро ин сериал сазовори унвони «Ҳунарманди писандидаи халқ» гардонд.
-Мегӯянд, ки баъди маҳур гаштанатон ҷавонмардон паси дари хонаатонро охурча кардаанд, рост аст?
-Актрисае, ки дар айни авҷи эҷодиёташ ба шавҳар мебарояд, пару боли мурғи шуҳраташро бо дасти худ мешиканад. Ман девона нестам, ки ин корро кунам.
-Ба ҳар ҳол, ҳар як духтар идеали худро дорад. Шумо шавҳари ояндаатонро чӣ гуна тасаввур мекунед?
-Баномус, зебо, ширинзабону хушгуфтор, хулоса ҷентелмени ҳақиқӣ!
-Дуо мекунем, ки Худованд шуморо зудтар бо шоҳзодаи орзуҳоятон рӯ ба рӯ намуда, хушбахттарин зани дунё гардонад. Гуфтагӣ барин, домод, ки пайдо шуд, моро ба тӯй хабар кунед-а!