Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» дар Фестивали байналмилалии 42-юми «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат варзида, сазовори сипоснома ва дипломи махсус гаштанд.
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши «Зол ва Рудоба» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус маротибаи аввал дар Фестивали байналмилалӣ «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Нақши Золро Фирдавси Турдиалӣ, Рудобаро Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳрро Отахон Саидзода, шоҳ Сомро Муҳаммад Шомуддинов, Синдухтро Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комронро Азизҷон Сайфуллоев бозидаанд.
Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ мебошад.
Ҳайати эҷодии театр бо намоиши «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар Озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Парасту» иштирок намуда, соҳиби ҷойи дувум гашта буданд.
Дар ин хусус “Ховар» дар такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додааст.