Formula novemver 2024
Зинокорро чӣ тавр аз роҳи хато бояд баргардонд?
10.11.2024
ОИЛА.ТҶ
1483

Банда ҷавонии пуршӯре доштам ва онро бо айшу нӯш ва зинокорӣ сипарӣ кардам. Вале тавба кардаму имрӯз шукр, кӯшиш мекунам, ки дар чаҳорчӯбаи ислом зиндагӣ кунам. Вале як бародарамро аз роҳ баргардонида наметавонам. Ӯ ҳамоно ҳамқадами занони бероҳа асту маблағҳои бо азоб ёфтаашро сарфи айшу нӯш бо онҳо мекунад. Чӣ маслиҳат медиҳед ба банда?

САМАРИДДИН, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дини мубини ислом инсонро ба покию тозагӣ дар тамоми заминаҳои зиндагӣ дастур медиҳад. Ислом вуҷуди ғаризаи ҷинсиро инкор намекунад, балки дастур ба эътидол ва миёнаравӣ дар он медиҳад ва аз ҳар навъ нопокию олудагӣ ва каҷравиҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ инсонҳоро бозмедорад. Ғаризаи ҷинсӣ, ки дар инсон вуҷуд дорад, монанди оташи сӯзоне аст, ки аз умқи вуҷудаш забона мекашад ва шуълавар мегардад, агар ба дурустӣ контрол нашавад, тамоми масоили ахлоқӣ ва шарофати инсониро ба нобудӣ мекашонад. Аммо агар ин ғаризаи ҷинсӣ контрол шавад, мояи оромиши инсон гардида, ҳифзи навъи башарро ба армуғон хоҳад овард. Мутаассифона, падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеа пайдо мешавад, боиси нигаронии ақли солим аст. Одами мусалмон бояд барои ислоҳ ва поксозии нафсаш кӯшиш намояд. Худованд мефармояд: “Ҳар кас нафси худро аз гуноҳ ва бадкорӣ пок ва муназзаҳ созад, бешак растагор хоҳад буд ва ҳар кӣ ӯро ба куфр ва гуноҳ палид гардонад, албатта зиёнкор хоҳад гашт”. (Сураи «Шамс», ояти 9). Шумо ҳам бародаратонро насиҳат кунед ва иншоаллоҳ ӯ аз ҷумлаи парҳезгорон хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД