Arzon march 2024
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми9)
3296

 

- Акнун чӣ кор мекунам, охир ӯ маро дар мардикорбозор дид. Ҳозир рафта ба бибиям мегӯяд.

-Хайр дидаст-дидаст, ҳеҷ гап нест. Шумо дар бозори меҳнатед, на дар бозори танфурӯшӣ. Меҳнат кардан чӣ ҷойи айб дорад охир...

Ҳамин замон марде, ки дирӯз занҳоро барои кор ба фирма бурда буд, омад ва Барно аз дасти Моҳигул дошта ба мошин нишаст, вале духтарак ҳамоно нигоҳҳои модари Шӯҳратро фаромӯш карда наметавонист...

Мардикорзанҳо ба ҷои кор расиданд. Ҷавон ба нҳо фаҳмонд, ки бояд чи корҳоро ба анҷом расонанд ва аз паси кору бори худаш шуд.

Мардикорзанон бо дасту дили гарм ба кор ҷаспиданд, вале дасти Моҳигул ба кор буду ҳушу ёдаш ба хушдомани ояндааш, метарсаид, ки модари Шӯҳрат ӯро дар назди бибиаш бадгӯӣ ва сиёҳ накунад. Духтарак бо табъи гирифта саргарми ҳазор фикру хаёл саҳни меҳмонхонаро мерӯфт. Он қадар тез ва бо ғазаб мерӯфӣ, ки омадани соҳибкорро ҳам нафаҳмида монд. Ҷавон бо овози мулоим маслиҳатомез гуфт:

- Камтар об зада рӯбед, он қадар чанг намешуд!

Моҳигул як қад парида ба соҳиби овоз нигарист. Ҷавомарди зебои хушқаду қомат бо табассум ба ӯ менигарист. Моҳигул аз шарм лла барин сурх шуда, бо сари хам нимғурма гуфт:

- Мебахшед, ҳозир об мепошам.

Ҷавон бо ишораи "майлаш" сар ҷунонда аз Моҳигул дур шуд.

Посбоне, ки дар назди дарвозаи ташкилот меистод ба ҷавон раис гуфта меооҷиат кард. Моҳигул аз қафои ҷавон нигариста лабонаш беихтиёр моили табассум гаштанд.

Вай баъди он ки ҳавлии меҳмонхонаро тоза карда шуд, ба тамиз кардани яке аз утоқҳои меҳмонхона шурӯъ кард. Ҳамон ҷавоне, ки каме пештар дар саҳни ҳавлӣ дида буд, дар як гӯша сигор мекашид ва ҳар замон аз зери чашм ба Моҳигул менигарист. Духтаракро эҳсоси аҷиб ва ғайри оддие фаро гирифта, ҳар замон ранги рӯяш тағйир меёфт..

Барно корашро тамом карда ба назди Моҳигул омад.

- Хаста нашудед, Моҳигул?

- Не, корро  нав оғоз кардем-ку!

-Дар ин ҷо чандн кори душвор ҳам набудааст. Медонед чӣ апа, аз афташ ҳамон ҷавоне, ки моро ба ин ҷо овард, роҳбари ҳаимн корхона будааст. Аз рӯйи шунидаам ин як ширкати хеле калон аст ва мағозаву ошхонаву дорухонаҳои зиёде доштааст. Фаррошзан гуфт, ки ин ҷавон нав донишгоҳро хатм кардаасту падараш барои ӯ ширкат кушода додааст. Ана инро боигарӣ мегӯянд,-бо шавқ шунидаҳояшро ба Барно қисса кард Моҳигул.

 Ин дам худи ҷавон ба назди Моҳигулу Барно омада гуфт:

-Шуморо барои кор овардаем на барои гапфурӯшӣ!

Барно шарм дошта ба узрхоҳӣ даромад:

-Мебахшед, ба хоҳарам як гапи зарур доштам, барои ҳамон гапро гуфтан наздаш омадам.

Вай инро гуфта осемасар баромада рафт. Ҷавон ба Моҳигул назар карда, таъкид намуд:

-Шумо ҳам тезтар ҷунбед, дар акси ҳол ба дигар  корҳо  фурсат намеёбем.

 Моҳигул "хуб" гӯён ба кораш давом дод, вале фикру хаёлаш ҳамоно ба Моҳинур банд буд. Вай дар дил афсӯс мехӯрд, ки чаро имрӯз ба кор баромад...

Ҷавон ҳамоно аз балкони меҳмонхона ба Моҳигул менигарист. Вақте ки Моҳигул кору борашро ба охир расонд, вай поин фаромада супориш дод:

-Коратонро тамом карда бошед, боло баромада утоқи роҳбарро тоза кунед!

- Нафаҳмидам,- асту по хӯрд Моҳигул.

Ҷавон суханашро дубора такрор кард:

- Мегӯям, ки боло баромада утоқи роҳбарро тоза кунед. Фаҳмо шуд ба фикрам?!

Моҳигул ғарқи фикру хаёл ба боло баромад. Вай аз он метарсид, ки мабодо ҷавон дар сараш ягон андешаву фикри бад надошта бошад, вале ба ҳар ҳол ба утоқи роҳбар даромад. Дар паси миз як ҷавонмарди дигари хушлибос менишаст ва моҳигулро дида бо эҳтиром гуфт:

- Биёед, хоҳарам.

-Ёрдамчиатон маро ба назди шумо фиристоданд, то ки утоқатонро тоза кунам,-шармгинона сар ба замин афканда гуфт Моҳигул.

-Ҳа, ман ба ӯ гуфта будам, ки ягон нафарро фирист, шуморо фиристодааст. Агар ҳамин ҷо истам ба кори  шумо халал намерасонам?

-Не, хоҳишатон, хоҳед истед, нахоҳед равед.

 Моҳигул латтаеро гирифта ба тоза кардани ҷевонҳои утоқ шурӯъ кард. Ҷавон ба курсӣ нишаста бо кору бори худаш машғул буд. Духтарак гоҳ-гоҳ ба роҳбар менигарист. Ҷавон бо гӯшаи чашм ба Моҳигул нигоҳ карда пурсид:

- Мебахшед хоҳарам чӣ ном доред?

- Чӣ буд? Барои чӣ мепурсед?

-Ҳамту хостам шинос шавем. Ман Аъзам ном дорам.

-Ман Моҳигул ном дорам.

- Мебахшед як суоли дигар диҳам.  Хеле вақт боз бо ин кор машғулед?

- Ҳа.

- Агар розӣ бошед, як таклиф дорам. Мо ба наздикӣ як мағозаи тилловорӣ кушоданием. Барои ҳамин се-чор духтари чаққон лозим, агар ҳа гӯед, шуморо ба кор мегирем.

- Не лозим нест.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД