arzon replenishment
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 8)
4225

 

Рӯзҳо турнасон мегузаштанду оҳиста-оҳиста Моҳигул ба кори мардикорӣ одат кард. Ӯ дигар аз ин пеша тамоман нангу ор намекард ва ба ҷуссаи хурдаш нигҳ накрада аз Барно бештар кор мекард. Рӯзе баъди кор ба хона баргашта дид, ки ду зани ношинос дар манзилашон меҳмон гаштаанд. Яке аз он занҳо Моҳинур (дар қисса номи ҳақиқияш Ойсулув оварда шудааст) буд, ки агар дар кӯча Моҳигулро бинад ба саломаш алайк намегирифт. Аз чӣ бошад, ки ин зан мағрур сохтакорона бо ӯ хеле гармпурсупос кард.

Баъди салому алейк Моҳигул ба хона даромад. Ҳамин замон овози бибияш ба гӯшаш расид:

- Дуруст, аммо, раъйи набераамро напурсида ба Шумо чизе гуфта наметавонам.

- Охир духтар чӣ гуна мегӯяд, ки бале шавҳар мекунам, ғайр аз ин, агар хондан хоҳад, худамон кӯмак карда мехононем.

-Хайр, ҷавонон як бор бо ҳамдигар во хӯрда, сӯҳбат карда бинанд, баъд маслиҳат мекунем...

Моҳигул аз хонаи дарун ҳарфҳои онҳоро шунида дар ғазаб мешуд, ки тақдирашро бе ӯ ҳал карда истодаанд ва худ ба худ мегуфт:

-Бибиҷон, чаро маро ба шавҳар доданиед? Аз ман безор шудед? Ман бе Шумо чӣ кор мекунам? Шумо чӣ, Шумо бе ман танҳо чӣ кор мекунед?

Холаи Саломат ҳамон бегоҳ дар хусуси омадани хостгорҳо гап кушода гуфт:

-Духтарам, ҳаёт чизи мураккаб аст. Офаридгор бандагонашро дар ин дунё ҷуфт офаридааст, аз ҳамин хотир бояд дар фикри ҳар ҷавон нақшаи оила барпо кардан бошад.

- Бибиҷон, чаро ин гапҳоро ба ман гуфта истодаед?-худро ба нодонӣ зада пурсид Моҳигул.​

-Ту писари калонии Моҳинур-Шӯҳратро мешиносӣ-а? Ҳамон бача туро маъқул карда, модарашро хостгорӣ фиристодааст. Ба фикрам Шӯҳрат бачаи хуб аст...

Дар чашмони Моҳигул донаҳои ашк ҳалқа зада, пичиррос гуфт:

-Бибиҷон, аз ман ҳамин қадар безор шудед?

-Оббо, чаро ин тавр мегӯйӣ? Магар ҳамаи падару модароне, ки духтаронашонро ба а шавҳар медиҳанд, аз фарзандашон безоранд? Касе аз духтараш безор нест, вале охир қонуни ҳаёт ҳамин аст. Духтар, ки калон шуд, шавҳар мекунаду писар зан мегирад. Ба ғайр аз ин, тӯйро онҳо солҳои оянда мекардаанд...

Моҳигул дигар худро дшта натавониста аз ҷояш ҳаста хест ва боқатъият гуфт:

-Бибиҷн, ман ба шавҳар намебароям!

-Моҳигул, ин барои ману ту як имконият атс, барои ҳаимн нағзтар фикр кун духтарам. Шӯҳрат ҳаммаҳаллаи худамон аст ва баъди тӯй ҳам зуд-зуд аз ҳолам хабар гирифта меистӣ. Имрӯз не, пагоҳ ба шавҳар баромаданат шарт-ку охир...

хххххххх

Моҳигул рӯзе аз кор омад, ки аллакай бибияш ӯро бо Шӯҳрат фотиҳа кардааст. Гиряву нола дигар фоида надошт.

Аз ин Барно ҳам хабар ёфта Моҳигулро насиҳаткунн гуфт:

- Моҳигул, ин барои ту як бахт аст. Домод аз маҳаллаатон будааст, агар ба дигар шаҳр шавҳар мекардӣ, ҳоли бибият чӣ мешуд?! Ту бояд шукр кунӣ, шукр!

Моҳигул баъди муддати мадид ба ин одат кард...

Рӯзе дар мардикорбозор ҳангоми сӯҳбат карда нишастани Моҳигулу Барно марде омада кор доштанашро гуфт.

-Чӣ хел кор? - пурсид Барно

Мард баъди он ки як ба атроф назар кард, гуфт:

-Шишаи шароб мешӯед. Чӣ қадаре ки бисёр шӯед, ҳамон қадар бисёр пул мегиред.

- Дар куҷо? Дар ягон сех?

- Не дар хонаам. Ба Шумо чӣ аҳамият дорад, ки дар куҷо аст, муҳим пул гиред, ҳамин тавр не?

-Хайр чанд пули медиҳед?

- Ба ҳар донааш 25 сӯм. Чӣ қадар бисёр шӯед, ҳамон қадар фоидаи худатон.

Барно ва Моҳигул розӣ шуда аз ин кори ёфтаашон болидарӯҳ гаштанд, аммо, рӯзе ҳангоми шустушӯи шишаҳо дар таҳхона кормандони ҳифзи ҳуқуқ омада тафтиш карданд ва аз ҳамсари соҳибхонаю Барнову Моҳигул баёнот гирифтанд.

Соҳибкоре, ки мардикордухтаронро кор мефармуд бо ҷурми ғайриқонунӣ баровардани шароб гумонбар ва боздошт шуд. Ҳамин тавр ҳаққи хизмати Моҳигулу Барно пардохт нашуда монд.

Вақте онҳо барои талаб кардани маблағи корашон рафтанд соҳибхона "Шумо баёнот навиштед, моро ҷарима карданд" - гӯён онҳоро ронд.

Дасту дили Моҳигул аз кор ҳам хунук шуд. Ӯ ба мардикор бозор ҳам дигар набаромад.

Аммо тангдастӣ Моҳигулро нагузошт дар хона ором нишина, ва боз бо дили нохоҳам ба сӯйи мардикорбозор қадам гузошт. Барно Моҳигулро дида хушҳол гашт, ки боз дугонаи ҷониаш дар бараш омадааст. Онҳо хеле сӯҳбат карданд. Барно дар бораи корҳои кардааш ва ҷойҳои рафтааш гап мезад.

Ҳама мунтазири мизоҷ буданд. Ҳангоми сӯҳбат кардани Барнову Моҳигул зане аз дур ба чеҳраи Моҳигул менигарист. Духтарак инро пай бурда, ба сӯйи зан нигарист. Соҳиби нигоҳ хушдомандааш Моҳинур буд. Вай ба Моҳигул бо ғазаб нигоҳ карда, аз бозор баромада рафт:

-Ваҳ, апаи Барно, ин зан хушдоманшавандаам буд, акнун чӣ кор мекунам

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД