Formula novemver 2024
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 5)
3826

 

Онҳо ба мазили зан расиданд. Хона хеле боҳашамат буд. Даҳони Моҳигул зебогии онро дида воз монд. Барно ҳайрати Моҳигулро дида гуфт:

- Ту агар ҳамроҳи мо гарди аз ин ҳам хонаҳои боҳашаматро мебинӣ. Ин ҷойҳо барои соҳибонаш хонаи мурғ барин гап.

Ин дам соҳибхона ба занҳо нигариста “бонуҳо ба кор мегузарем”-  гуфт.

Моҳигул фикр кард, ки соҳибхона ҳамроҳи онҳо кор мекунад, аммо ин фикраш хато баромад. Вай ду дасташро ба миён карда беист ба занҳо кор мефармуд. Баъди тамом шудани тамизкори соҳибхона ба ду нафари коргарон  маблағҳояшонро супорида аз Барнову Моҳигул хоҳиш кард, ки камтари дигар ба ӯ кӯмак кунанд. Ба хотири гирифтани пули зиёдтар онҳо хоҳиши ӯро бо ҷону дил қабул карданд.

 - Чӣ карданамон лозим? - пурсид Барно.

-Ҳозир ошпаз меояд ба ӯ кӯмак мекунед. Ана баъд камтар ба меҳмонҳо хизмат мекунед.

  - Пешхизматӣ? - суол кард Барно рӯй туршкарда.

- Бале, маъқул набошад марҳамат равед!

- Не - не маъқул фақат дер нашавад шуд.

- Хотирҷамъ бошед дер намекунед.

- Ошпаз  омад. Ба аср наздик  меҳмонҳо ҳам расида омаданд. Меҳмонон ду мард ва ду зан буданд. Соҳибхона эшонро бо эҳтироми хосса пешвоз гирифт.  Акнун кори Моҳигул ва Барно оғоз шуд.

  Барно  ба ошпаз ёрдам медоду Моҳигул шириниҳоро ба назди меҳмонон мебурд. Вақте ӯ вориди меҳмонхона шуд, марде аз нишастагон ба вай бо чашми бад нигарист ва ба соҳибхона нигоҳ карда гуфт:

- Диля, ба пешхизматат гап нест. Агар ӯ аз ман мебуд бо ин дастони нозукаш намегузоштам, ки кор кунад.

Яке аз занҳо ба миёни гап даромада гуфт:

-Эҳ мон ҳамин гапҳоятро охир ҳоло ӯ кӯдак аст.

 Марди дигар ба гапи зан хандида киноя зад:

- Дар солу замони имрӯз баъзе кӯдакҳо дар бархе "масъалаҳо" аз калонсолон пешдастӣ мекунанд.

Ин дам соҳибхона ба суханҳои бепарда ва пучу бемаззаи онҳо нуқта гузоштани шуд.

- Монед, ин хел гапҳоро нагӯед. Ман вайро имрӯз аз мардикорбозор овардам, то барои худ маблағе ба даст орад.

Боз ҳамон марди аввала ба гапи соҳибхона лагад зада: “Барои ӯ роҳҳои дигари пул коркунӣ ҳам ҳаст” - гуфт бешармона.

Моҳигул аз гуфтаҳои онҳо сахт ранҷид ва ба сӯйи соҳиби овоз бо чашми нафрат нигоҳ кард. Сурхии чашмони мард аз он далолат медод, ки ӯ бисёр нӯшидааст. Моҳигул зуд аз хона баромад, аз қафояш мардҳо боз чӣ чизҳое гуфтанд, аммо ба ин аҳамияте надод. Дар ошхона ҳанӯз Барно ба ошпаз ёрдам медод. Ӯ сабзӣ реза мекард. Моҳигул назди Барно омада зорикунон” ҷон апаҷон аз ин ҷо равем” гуфт бо ранги парида.

 - Чӣ шуд рангу рӯят паридааст?

 - Он марди бурутдор... Биёед апаҷон равем аз ин ҷо!

- Чӣ ба ту дастдарозӣ кардан хост?

- Барно ба қаҳр назди соҳибхона рафт, баъди камтар ӯ ва соҳибхона омаданд.

- Чи шуд тинҷӣ аст? - суол кард соҳибхона.

Меҳмонатон хоҳарамро ранҷонидааст. Мо ин хел гапзанон накарда будем.

- Хайр ҳеҷ гап не як ду ҳарфи шӯхиомез гуфтанд.

- Чии ин бароятон ҳарфи шӯхиомез аст?!

- Ӯ баръакс бояд шод шавад, ки мавриди таваҷҷӯҳ аст, ғайр аз ин дар кӯча ҳам ба ин хел духтарҳо гап мепартоянд. Кош ба мо низ ҳамин хел гап партоянд.

- Бас, кифоя, мо меравем!

- Ҳоло хизмати зиёфат нав оғоз шуд.

- Пуламонро диҳед, мо меравем, вагарна назди меҳмонҳо баромада шармандагиатонро мебарорем....

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД