Formula novemver 2024
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 3)
3612

 

Дар назди мағоза як ҷавони хушқаду қомат бо чеҳраи хандон ба сӯйи Моҳигул менигарист. Духтарак синчакорона нигарист, ки соҳиби садои шинос собиқ ҳамсинфаш Ӯктам будааст. Ӯктам мактабро ҳатто қаноатбахш нахонда буд, лекин дили тағоҳои савдогарашро ёфта, бо ёрии онҳо аз паи тиҷорат шуд ва дар муддати кӯтоҳ чанд марказҳои савдо боз кард. Ӯ дар назди яке аз мағозаҳояш мағрурона рост истода, духтаракро ҷеғ мезад. Моҳигул, ки ба пул сахт мӯҳтоҷ буд, аз вохӯрӣ бо ҳамсинфи серсумаш болидарӯҳ гашт.

-Чӣ ҳол дорӣ Моҳигул? - аҳволпурсӣ кард Ӯктам.

- Шукр, зиндаву салмат гаштем.

-Дар ин ҷойҳо чӣ кор дорӣ? Барои харид кардан омада будӣ?- Саволборон кард ҷавон.

Моҳигул аз суханҳои самимиӣ Ӯктам хушҳол шуда якбора ба сари мақсад омад:

-Ӯктам, туро вохӯрданам хуб шуд. Аз ту як илтимос доштам...

Ӯктам, ки то ин дам боре ҳам аз Моҳигул муносибати гарму самимиро надида буд, аз хурсандӣ дарун ба дарун завқ бурда, мешукуфт.

Моҳигул дар овони мактабхонӣ зеботарин духтари мактаб буд, бар замми ин, бо иффату шарму ҳаё ва латофату назокаташ аз дигар чанд зина боло меистод. Ӯктам доим мехост бо вай муносибати ошиқона дошта бошад, аммо Моҳигул ғайр аз салому алейк дигар бо ӯ ягон хел муносибат кардан намехост.

Акнун ана ҳамин Моҳигули мағрур бо пойи худ назди Ӯктам омада буд. Ҷавон, ки кайҳо боз ошиқу шайдои Моҳигул гашта буд, даррав пурсид:

-Хӯш, чӣ илтимос будааст?

Моҳигул вазъияти вазнини бибияшро ба ҳамсинфаш фаҳмонд ва аз ӯ қарз талаб кард. Ӯктам гапро ғоз дода гуфт:

-Майлаш, пул он тараф истад, ба ту ҷонамро ҳам медиҳам, вале ҳозир дода наметавонам. Шаб ба “Боғи ошиқн” биё, ман ба ту қарзи бе бозгашт медиҳам...

Моҳигул нияти бади Ӯктамро пай бурда, дар ғазаб шуд ва ба сараш дод зада гуфт:

-Чӣ? Ту маро кӣ фикр кардӣ?! Аблаҳи нобакор! Ман аз ту танҳо қарз пурсидаму халос. Ниятат бад намебуду дар ҳақиқат кӯмак кардан мехостӣ пулро ҳамин ҷо ҳам дода метавонистӣ.... Моҳигул инро гуфта рӯяшро гардонд ва қаҳр карда аз назди Ӯктам рафт. Ҷавон аз гапи гуфтааш пушаймон ва хиҷолатзада шуда монд.

ххххххххххх

Моҳигул ҳама чизро ба хотири бибияш ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда, роҳи чӣ гуна пул ба даст оварданро фикр мекард. Ногоҳ ба хотираш омад, ки шояд ҳамсояҳо барояш кӯмак кунанд. Бо ин умед ӯ ба хонаашон баргашт. Хайрият дар гирду атрофи холаи Саломат инсонҳои хуб ҷамъ омада буданд. Панҷ-шаш нафар ҳамсояҳо аз муддаои духтарак огоҳ шуда 200000 сӯм ҷамъ карда доданд.

Моҳигул аз ин лутфу марҳамати ҳамсояҳо хушҳол гашта аз хурсандӣ гиря кард. Фарида, ки яке аз ҳамсояҳои меҳрубони холаи Саломат буд, дилаш ба ҳоли духтарак сӯхта, Моҳигулро навзишкунон гуфт:

-Духтарам, гиря накун. Ҳамааш гузаранда аст. Насиб бошад, бибият шифо меёбад.

-Ба ҳамаатон ташаккур. Албатта кор меёбаму ҳатман қарзи ҳамаатонро бармегардонам,-ашки чашмонашро пок карда истода гуфт духтарак.

Ин сухани Моҳигул ба шавҳари Фарида-Шокирҷон сахт расид. -Аҷоиб ҳастӣ Моҳигул, мо ин пулро ба ту қарз гуфта надодаем, охир ба ҳамдигар бегона нестем-ку!

Ҳамсояи дигарашон Козимҷон суханони Шокирҷонр қувват дода гуфт:

-Моҳигул, ту ин пулро гирифта бар. Насиб бошад, боз пул ҷамъ карда, ҳамакаса ба хабаргирии холаи Саломат меравем!

Моҳигул аз хурсандӣ гӯё болу пар бароварда пулро гирифту ҷониби беморхона шитофт...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД