Sebiston new 2024 october
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 16)
4941

 

Суд оғоз ёфт. Дар курсии айбдоршаванда Моҳигул бо сари хам менишаст. Матлуба аз он тарафи зал "духтарам" - гӯён овоз баровард. Духтарак сарашро хамтар кард. Овози Матлуба ба гӯши Бурҳон-амак ҳам расид ва ҷониби садо нигариста дар ҳайрат монд.

Суд бинобар сабаби иштирок надоштани ҷабрдида ба дигар вақт гузошта шуд.

 Бурҳон-амак Матлубаро, ки бо Аъзам рафтанӣ буд, ҷеғ зад.

-Матлуба, чаро нагуфтӣ ки духтар дорӣ?

-Шумо ҳамсари аввалаатонро интихоб кардед!

-Матлуба, охир он духтар фарзанди ман низ ҳаст.

Бурҳон ва Матлуба як вақтҳо ҳамдигарро сахт дӯст медоштанд. Баъдан Матлуба ҳомиладор шуд, аммо Бурҳон аз духтарча таваллуд кардани вай хабар надошт

Аъзам ин гапҳоро шунида дар ҳайрат афтод. Ӯ ба Матлуба маҳз аз пушти писари Бурҳон-амак дар паси панҷара будани ҳухтарашро гуфт. Матлуба аз шунидани ин гап дар ҳайрат афтид...

хххххххххх

Бурҳон-амак аз таҷовуз шудани як фарзандаш аз ҷониби  фарзанди дигараш дарун-дарун месӯхт. Вай худро дар сар задани ин ҳдиса гунаҳкор меҳисобид. Саҳар офтоб набаромада бо қаҳр ба беморхона назди писараш рафт.

- Росташро гӯй, ту ӯро таҷовуз кардани шудӣ?

-Падар гуфтам-ку ӯро дар ҳолати дуздӣ доштам ва духтар маро бо корд зад. д зад.

-Дурӯғ мегӯйӣ, агар ин духтар дузд мебуд аз рӯзи якум дигар ба хонаи мо бар намегашт. Қасам хӯр, айби ту буд?! Рӯзи суд айбатро ба гардан бигир.

- Падар ин қадар тарафи ҳамон духтари хизматгорро мегиред.

-Он духтари хизматгор хоҳари ту, ҳамхуни ту аст, мефаҳмӣ! Ҳамхуни ту!!!

Шерзод аз гапҳои падараш дар ҳайрат афтода лол монд...

хххххххх

Рӯзи дигар суд баргузор шуд. Ба толори суд худи ҷабрдида Шерзодро оварданд. Айбдоршаванда Моҳигулро модараш Матлуба ҳамроҳӣ мекард. Суд оғоз ёфт...

Судя ба Аъзам нигариста пурсид:

-  Он гапҳое, ки хаттӣ навиштаед бо даҳон тасдиқ мекунед!?

-Не, айби ман буд. Ман... ман... Маро бубахш хоҳарам. Маро бубахш. Ман хато кардам...

Шерзод гиря карда фиристод, Моҳигул ҳам худро аз даст дода хунборон гирист.

Судя аз ҳақиқати ҳол огоҳӣ ёфта Моҳигулро озод кард. Духтарак модарашро оғӯшкунон ҳамоно хун мегирист.

Ин дам Бурҳон-амак ба назди онҳо омад. Матлуба ба сӯйи ӯ ишораткунон “Бурҳон падарат” гуфту боз гирён шуд.

Моҳигул падарашро сахт оғӯш кард ва “акнун ҳоли акаам чӣ мешавад” гӯён, сар ба зер афканд.

-Ӯ гуноҳи худро ба гардан гирифт ва ин албатта ҷазояшро сабук мекунад,- ба ҷойи Бурҳон-амак посух дод судӣя, ки бо дидани ин манзара ба риққат омада буд.

Аъзам дастонашро ба киссааш карда аз як гӯша бо меҳр ба Моҳигул менигарист. Нигоҳҳои Аъзам гӯё мегуфтанд, ки "Моҳӣ, ман нагуфта будам, ки рӯзе ҳамааш хуб мешавад...” 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД