Моҳигул ба хонаи Назокат омад. Соҳибхона ӯро чун ҳар вақта бо чеҳраи гирифта пешвоз гирифт.
-Аз ошёнаи дуюм корро сар кун, баъд дар ҳаммом либосҳои ношуста ҳаст, онҳоро шуста дарзмол карда мон. Ман бояд ба шаҳр равам.
Моҳигул чун ҳамеша дар ҷавб чизе нагуфта бо сари хам аз паси иҷрои супоришҳои сҳибхона шуд.
Дар ин миён Назокат паси кору бори худаш баромада рафт ва Моҳигул дар хона танҳо монд. Тақрибан ним соат пас Шерзод аз дар даромад ва ба сӯйи Моҳигул ким-чихел нигоҳи аҷибе афканд, аммо духтарак ба ӯ аҳамият надода, бо кору бори худ овора буд. Шерзд ба ҳуҷраи хоби худаш даромад, вале чанд лаҳза пас нохост дар назди Моҳигул пайдо шуда пурсид:
- Модарам куҷо рафт?
- Ба шаҳр.
-Нагуфт, ки кай меояд?
- Ба фикрам бегоҳ меояд
- Ҳаа.
Шерзод дигар чизе нагуфта бошад ҳам, аз зери чашм дуздона ҳаракатҳои Моҳигулро назорат мекард. Духтар ба кадом хонае, ки наравад, лаҳзае пас Шерзод низ дар он ҷо пайдо мешуд. Моҳигул аз ин ҳаракатҳои Шерзод ба тарс афтод. Чашму рӯйи ҷавон ба мисли махлуқ беҷо буд.
Моҳигул аз нигҳи беҷойи ӯ гурехта ба ошхона даромад, вале лаҳзае пас боз шарфаи пойи Шерзод ба гӯшаш расид. Дасту пойи Моҳигул меларзид. Духтари бечора чи кор карданашро надониста ба шустани косаву табақҳои тоза сар кард. Шерзод аз дари ошхона бо тамасхур ба Моҳигул нигариста:
- Ин қадар мисли паррандаи ба қафас афтода бесаранҷом шудӣ? Медонӣ аз рӯзе, ки туро дидам, оромиамро аз даст додаам. Дар хона касе нест, биё нағзакак дам мегирем. Албатта пули хуб ҳам медиҳам...
- Чиҳо мегӯӣ аблаҳ. Ту шарм намедорӣ,-дод зад Моҳигул ва бо ғазаб ҷониби дар равон шуд, аммо Шерзод бо ҷуссаи калонаш аз китфони нозуки духтарак маҳкам дошт.
Моҳигул бо тамоми овоз дод зада, роҳи халосӣ мекофт, аммо ба ин бойбачаи шайтонсират зӯраш намерасид. Ахиран духтараки бечора бо дастонаш рӯйи мизро кофт. Шерзод ҳамоно духтаракро оғӯш карда зӯран мебӯсид. Дасти Моҳигул палмосида-палмосида кордеро дарёфт ва бо тамоми қувват онр ба шиками Шерзод халонд. Шерзод гарчанд дарди сахтро ҳис карда бошад, духтаракро раҳо накарда, ҳамно ба мақсади нопокаш расидан мехст. Моҳигул чораи дигар наёфта кордро сахтар халонд. Аз шиками ҷавон хун беист мешорид ва лаҳзае пас мисли чанори решагардон гурсосзанон ба замин афтид...
хххххххххх
Муяссар ба Аъзам ин хабари шумро расонд. Аъзам дасту по хӯрда, дар ҳолати бехудӣ аз хона баромада рафт. Ӯ дар кадом ҳабсхона будани Моҳигулро фаҳмида ба он ҷо равон шуд, аммо полисҳо Аъзамро ба назди Моҳигул роҳ надоданд. Ҷавон шиносҳояшро восита карда, билохира назди Моҳигул даромад.
- Моҳӣ, чаро ин тавр кардед?
Моҳигул ҷавоб надод. Аъзам ба суолаш худаш ҷавоб гуфт:
- Медонам, вай ба Шумо...- Аъзам калимаи дастдарозиро базӯр ба забон гирифт,- дастдарозӣ кардан хост ва Шумо ба шиками вай корд задед.
- Аъзамҷон, ҳаёт ин қадар разилу номард аст,-пичиррос зад духтар.
- Моҳигул шумо хавотир нашавед, ман беҳтарин адвокатҳоро ба ин кор сафарбар мекунам ва шумо бегуноҳ буданатонро исбот мекунед.
Аъзам зуд аз назди Моҳигул баромад, вагарна қариб буд, ки гиря кунад. Моҳигул аз бешафқатии дунё хун мегирист...
хххххххххх
Дар ин миён аҳволи Шерзод ҳам камтар хуб шуд. Албатта ин ба фоидаи Моҳигул буд. Моҳигул ин гапро аз Аъзам шунида камтар таскин ёфт.
Аъзам ба беморхона назди Бурҳон-амак рафт.
- Аҳволи писаратон чи хел аст?
-Камтар ба худ омад. Моҳигулро ман мисли духтари худам медонистам, аммо вай...
-Моҳигул айб надорад. Худатон қазоват кунед, ки чаро духтар ба шиками як ҷавони қавипайкар корд мезанад?!
- Аз гуфти писарам Моҳигулро дар сари дуздӣ қапидааст.
-Бурҳонамак, ин тавр нест. Писаратон Моҳигулро таҷовуз карданӯ шудааст. Моҳигул, агар дузд мебуд, то омадани полис ва табибон мегурехт, ғайр аз ин як духтар ба як ҷавон беҳуда корд намезанад. Ин аз рӯйи мантиқ ҳам дуруст нест. Бурҳон-амак медонам, ки шумо тарафи писаратонро мегиред, аммо аз рӯйи инсоф бигирем, бояд тарафи адолат ва ҳақиқат шавед. Суд наздик аст...
ххххххххх
Аъзам роҳ ба сӯи хонаи холаи Саломат гирифт. Кампир ӯро намешинохт, баъдан кӣ будани Аъзамро фаҳм карда бо гиря дарди дил кард. Аъзам ба фоидаи Моҳигул ҳал шудани масъаларо мегуфт, зеро вай беҳтарин адвакатҳоро ба ин кор ҷалб карда буд.
Кампир ба хона даромада як қоғази кӯҳнаро, ки дар он сурғаи манзили модари Моҳигул-Матлуба навишта шуда буд, овард ва илтимос кард, ки ба вай телеграм фиристад.
Аъзам “Дар Бухоро будаанд-ку, ман худам рафта он касро меорам”-гӯён аз кампир фотиҳа гирифту рафт.
хххххххх
Аъзам манзили модари Моҳигулро ёфта, ӯро ба хонаи холаи Саломат овард. Дар роҳ Матлуба ба Аъзам хеле дарди дил карда омад. Ҷавон мехост "Шумо фақат айши худатонро фикр кардаед" - гӯяд, аммо ҷуръат накард.
Кампир “чаро як бор ҳам аз ҳоли духтарат хабар нагирифти нокас?”-гӯён, духтарашро бо лаънату нафрин пешвз гирифт. Холаи Саломату Матлуба зор-зор мегиристанд.
Аъзам ин манзараи дарнокро дида сахт ғамгин шуд ва худро базӯр аз гиря боздшта баромада рафт....
(давом дорад)