Бурҳон-амак ба Шаҳло хомӯш монданашро гуфт. Бо ҳамин кори онҳо ба итмом расид. Мард ба Моҳигул пули ваъда кардаашро дод ва таъкид кард, ки сарашро хам карда намонад ва аз бовариаш сӯйистифода накунад.
Ҳангоми рафтан Моҳигул қисме аз маблағро ба Барно доданӣ шуд, аммо вай нею нестон карда қабул накард.
Моҳигул ба Барно пас аз як моҳи кор кардан дар ин хонадон ба наздаш омаданашро гуфт,аммо Барно эътироз кард:
-Шумо кори хуб пайдо кардед. Аз мардикорбозор ин ҷо беҳтар аст.
- Бо ҳамин ин апаву хоҳари қиёматӣ хайру хуш карданд.
хххххххх
Моҳигул пулашро гирифту ба беморхона шитофт. Духтур пулро аз дасти Моҳигул нагирифта гуфт:
- Дер кардед!
- Чӣ? Чаро дер кардам? Барои чӣ? - суолборон кард духтарак. Духтур ҳарфи ноҷо гуфтанашро пай бурда фаҳмонд:
- Аъзам ном хешатон маблағро пардохт кард.
- Инбача кори худро кардааст –да!
Моҳигул дигар ба духтур чизе нагуфта назди бибияш даромад...
Духтур акнун ба холаи Саломат аз ҳар вақта бештар таваҷҷӯҳ мекард.
хххххххх
Саҳарӣ Моҳигул ба кор дертар рафт. Бонуи хонадон Назокат ӯро бо чеҳраи дурушт пешвоз гирифта ғурунгид:.
- Аз ҳозир нағма баровардаед -ку!!!
- Узр камтар дер шуд.
- Дирӯз меҳмонҳо омада буданд, ҳама ҷо бетартиб аст. Зуд рафта тоза кунед.
- Хуб шудааст!
Моҳигул чолокона аз паси ба тартиб даровардани хона ва шустани косаву табақ шуд,вале баногоҳ зарфе аз дасташ афтида шикаст. Соҳибхоназан барои ин кораш ӯро сахт танбеҳ дод.Моҳигул қариб гирён шуда, ваъда дод,ки минбаъд ҳушёр шуда, эҳтиёт мекунад, вале...
Назокат аз рӯзи аввал хизматгордухтарро чашми дидан накарда сари ҳар қадам дар кору бори Моҳигул айб меҷуст ва бо суханҳои пасту баланд дили духтаракро озор медод. Шаҳло ба Моҳигул мисли дугона барин буд, аммо вай ҳам гоҳ - гоҳ ҳарфҳои ноҷо мезад. Дар ин хонадон танҳо Шерзод ба Моҳигул гап намезад, ҷавон дар риштаи ҳуқуқшиноси таҳсил мекард, аммоба хондан чандон шавқу ҳавас надошт. Модараш инро донад ҳам ба Бурҳон-амак намегуфт.
хххххх
Холаи Саломат аз хизматгор шуда кор кардани Моҳигул хабар ёфт, аммо эътироз накард. Дар ин миён Аъзам борҳо ба ҷустани Моҳигул ба мардикорбозор меомад, лекин аз Моҳигул дарак набуд. Рӯзе ӯ Барноро аз байни занҳо ҷеғ зад:
- Салом апаҷон, хуб ҳастед?
- Биёед Аъзамҷон, чи хел Шумо? Камнамо шудаед?
- Раҳмат, хубам... Апаҷон, намедонед Моҳигул дар куҷо аст?
- Ростӣ як моҳ шуд, ки ӯро надидаам.
- Чаро? Хонаашро намедонед?
- Ман ягон маротиба нарафтаам, аммо суроғаашро дорам.
Барои Аъзам ҳамин кифоя буд. Ӯ хушҳолона аз назди Барно рафт.
ххххххххх
Баҳодур-амак ва холаи Муяссар аз беиштиҳо шудани фарзандашон Аъзам ғамгин буданд ва сари дастурхон нишаста писарашонро суолборон карданд.
-Писарам дар корхона ягон мушкил дошта бошӣ гӯй, то аз дастам омадан кӯмак мекунам!?
-Не падарҷон, ҳамааш хуб аст.
Аъзам намедонист чи тавр ба Моҳигул дилбастанашро ба падару модараш фаҳмонад,хайрият, ки худи Баҳодур-амак пешдастӣ карда пурсид:
- Ё ба ягон духтари зебо дил бастаӣ? Ман ҳам вақте модаратро дида дӯст доштам, мисли ту беиштиҳову камгап шуда будам писарам...
Аъзам чи хел "бале, дӯст доштам" гуфтанашро надониста монд.
- Хайр, ному суроғаашро гӯй, хостгорӣ меравем. Духтари ёфтаат зоташ хуб аст охир?!
- Ӯро бибияш калон кардааст, падару модар надорад.
- Чӣ ятим аст!? Ҳоло аз оилаи камбағали бедаромад арӯс ёфтам гӯё! –киноя зад модараш.
-Хайр,камбағал бошад, чӣ шудааст?!-Ба гап ҳамроҳ шуд Баҳодур-амак,-Ту ҳам аз оилаи бой набудӣ!!!
Дами зан бадарун афтодагӣбарин дигар чизе нагуфт.
-Пагоҳ ягон дугонаатро ҳамроҳ гирифта ба хостгори меравӣ,-амр кард Баҳодур-амак.
-Сад афсӯс, ман духтари Саодатхон-Паризодаро таги чашм карда монда будам,-ҳамоно норозигӣ мекард модар.
-Афсӯсатро ғундор. Худи пагоҳ ман бояд натиҷаи хостгориро фаҳмам.
- Аввал як маротиба дар бораи кию чӣ буданаш маълумот гирем.
-Ман ба диди писарам бовар дорам, ғайр аз ин духтарак ятим будааст. Ятимон пасту баландии рӯзғорро чашидаанд ва сафедро аз сиёҳ фарқ мекунанд.
Аъзам хеле мамнун буд, ки падараш ӯро тарафдорӣ кард.
хххххххх
Модари Аъзам гапи шавҳарашро ду накарда ба хостгорӣ рафт. Онҳоро бибияш пешвоз гирифт. Моҳигул ин дафъа низ аз рӯ ба рӯйи хостгорон баромад ва салом карду ба хонааш даромада рафт. Муяссар мақсади худро ба холаи Саломат фаҳмонд.
- Агар розӣ бошед, сари ҳамин ду ҷавонро як кунем.
- Дуруст гуфтед аммо набераам ҳоло хурд аст, ғайр аз ин мо шароити тӯй карданро надорем.
(Давом дорад)