Arzon march 2024
Зиндагии талхи мардикордухтар (Қисми 11)
18.02.2022
ОИЛА
4817

 

-Бале, ман инро аз ту пинҳон карда будам. Модарат рақамҳои телеграмашро гузошта буд,агарр хоҳӣ ба наздаш рав.

- Не бибиҷон, агар ман ба вай лозим бошам, худаш маро мекобад... Бибиҷон Шумо инҳоро фикр карда нашинед. Акнун, агар иҷозат диҳед, ман бахона меравам. Бегоҳ боз хӯрок пухта меорам.

-Не, ҳеҷ чиз наор. Иштиҳо надорам. Ҳоло ҳам ба мардикорбозор меравӣ?

Моҳигул кампирро фиреб карда наметавонист ва гунаҳкорона сар хам карда, сукут ихтиёр намуд. Холаи Саломат бо оҳанги мулоим гуфт:

- Хайр майлаш рав, фақат худатро эҳтиёт кун.

Моҳигул розигии бибияшро гирифта хушҳол шуд ва хурсандона ба бозори мардикорон шитофт,аммо аллакай дер карда буд.

ххххххх

Пагоҳ боз ба мардикорбозор равон шуд. Барно Моҳигулро дида хеле хушҳол гашт.

-Хуб ҳастед Моҳигул? Бибиятон хуб шуданд? Э гуфтаги барин, дирӯз шуморо роҳбари ҳамон ширкате, ки кор карда будем, кофта омад. Ба фикрам ба вай маъқул шудаед.

- Чаро маро мекофтааст? Ин хел фикрҳо накунед апаҷон. Дафъаи гузашта ба ман кор пешниҳод карда буд, шояд барои ҳамин омадааст? -даст афшонд Моҳигул.

Барно ба Моҳигул нигариста таъкид кард:

-Хоҳарам, аз ҷавонони пулдор сахт эҳтиёт шавед, баъзеашон ғарази бад доранд!

Ҳамин тавр сӯҳбати онҳо ба охир расид ва ҳамроҳи дигар занҳои мардкор пайи кор рафтанд...

ххххххх

Моҳигул бегоҳ бибияшро аз беморхона хабар гирифта меомад, ки аз қафояш як мошин пайдо шуд. Дар сари чамбарак Аъзам менишаст ва аз Моҳигул камтар пештар гузашта мошинашро нигоҳдошту аз мошин фаромада бо Моҳигул пурсу пос кард.

- Чаро аз қафоям омадед? Маро кофта ба бозор ҳам рафтаед...

-Хостам шуморо бубинам.

- Ана дидед, акнун аз пайи кори худатон шавед,-Моҳигул ин гапро гуфта рафтани буд, аммо, Аъзам аз дасташ дошт:

-Моҳигул, ман дар бораи Шумо ҳама чизро фаҳмидам. Чӣ кор мекунед худатонро дар азоб гузошта, беҳтараш кореро, ки пешниҳод кардам, қабул кунед, охир пули ночизе,ки аз мардикорӣ ба даст меоред, наметавонед бибиятонро табобат кунед.

- Дар бораи ҳаёти ман ба шумо ки гуфт? Барно?

- Гуфта бошад,чӣ шудааст...

- Шояд ба вай башумо 2 ин духтар хеле ба пул мӯҳтоҷ аст”гуфта бошад, лекин дониста бошед, ки...

- Не, ин тавр нагуфтааст, вале ман мехоҳам ба шумо кӯмак кунам.

- Барои чӣ?

- Намедонам, аммо мехоҳам ба шумо кӯмак кунам.

- Ҷавони хуб. Беҳтараш аз пайи кору бори худатон шавед, бе ин ҳам мушкилии зиёд дорам. Ман ба ёрдами шумо мӯҳтоҷ нестам. - Моҳигул аз назди ҷавон ин гапҳоро гуфту рафт. Аъзам ба ҳайрат аз қафояш нигариста монд.

хххххх

- Чаро ба вай дар бораи ман гуфтед? Акнун ӯ ба ту кӯмак мекунам гуфта ба ҳолу ҷонам намегузорад.

- Моҳигул, Аъзам ҷавони хуб аст,агар ягон нияти бад медошт, кайҳо маълум мешуд. Ман танҳо хостам барои бибиятон аз ҷиҳати молиявӣ кӯмак кунад.

-Чӣ мо талбандаем!? Ба қадри тавон пул ёфта истодаам, ғайр аз ин вақтҳои охир вай эҳсосоти худро мегӯяд.

-Аъзам шумор дӯст медорад, - хандида гуфт Барно.

Бо ҳамин сӯҳбати онҳо ба охир расид.

ххххххх

Моҳигул баъди он ки бибияшро дида баромад, назди духтур даромад,то ҳолиӯро азтабибаш пурсон шавад.

-Хоҳарам мебахшед, агар бемории бибиятон оддӣ мебуд, ман бо доруҳои арзон табобат мекардам,аммо вазъи саломатиаш бад аст. Бениҳоят бад! Ягон хешу таборро пурсу ков карда ёбед,-бо чеҳраи гирифта гуфт духтур.

-Моҳигул аз беморхона баромада раҳораҳ фикр мекард, ки аз куҷо пул ёбад. Оё модараш кӯмак карда метавонистабошад?

Ҳамин дам аз қафояш овози шиносе ҷеғ зад:

- Моҳигул, як дақиқа истед.

- Хуб, чӣ мегӯед?

- Хуб ҳастед. Чӣ ҳол доред?

- Раҳмат.

- Ҳозир. - Аъзам аз дохили мошин як даста пули қоғазпечро гирифта ба Моҳигул дароз кард.

- Ин чист?

-Камтар пул.

- Ба кадом хотир.

- Моҳигул, ман хубмедонам, ки дар замони ҳозир дар беморхона будан чи душвориҳо дорад. Барои табобат пули зитёде лозим аст...

- Инро бинед-а як одами бегона ба ту бе манфиат кӯмак мекардааст!

- Илтимос, бегона нагӯед.

- Пас кӣ ҳастед шумо?!

Насиб бошад, домодшаванда...

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

(Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД