- Чаро намехоҳед? Нағзтар фикр кунед, маоши хуб медиҳам.
-Шумо ба он ҷавоне, ки маро ин ҷо фиристод, гуфтед, ки маҳз маро барои тоза кардани утоқи кориатон ҷеғ занад?
-Не! Чаро ин тавр мегӯед? Шумо маро ягон ҷавони беодоб ва шилқин фикр мекунед?
-Намедонам... Ман ин ҷоро рӯфта фаршро тоза карданам лозим. Илтимос, баромада истед.
- Хуб, агар ҳузури ман боиси малоли хотиратон мегашта бошад, мебароям-Аъзам инро гуфта ба балкон баромад, вале аз тиреза дуздида-дуздида ба Моҳигул менигарист.
Духтарак осемасар корҳояшро тамом карда садо дод:
- Тамом кардам, метавонед коратонро давом диҳед.
Моҳигул баромада рафт. Аъзам ба ӯ чизе гуфтани буд, аммо, ҷуръат накард, зеро ба ғурури баланди мардикордухтар қоил шуда, аз он метарсид, ки мабодо бо ягон ҳарфи ноҷо дили нозуки ӯро наранҷонад. Дар дили ин ҷавони зебои кордон ва сарватманд нисбати ин духтараки камабағал, вале боғурур ким чи хел як ҳисиёти аҷиб пайдо шуда буд...
ххххххххххх
Моҳигул хаставу лакот ба хона баргашт. Баробари аз дарвоза дармадан бибиаш бо чеҳраи аз оташиқаҳру ғазаб сурхшуда ба сари ӯ дод зад:
-Дар куҷоҳо мегардӣ нокас?!
- Чӣ шуд бибиҷн, тинҷӣ аст?
-Дард шуд, бало шуд. Моҳинур омада фотиҳаро гардонд! Дар пешонаам ҳамин хел рӯзи сахт ҳам будааст. Байни мардум шарманда шудем,-фиғон кашид кампир.
Аз сари Моҳигул як сатил оби сард рехтагӣ барин шуд дар обу арақ тар шуда, нимғурма пурсид:
-Барои чӣ ин хел шуд?! Нагуфт, ки чаро фотиҳаро мегардонад?
-Ту ҳам мисли модарат худсар шудаӣ? Хурсандие, ки аз духтарам надиаам, аз ту бинам гуфта будам, вале ту бошӣ... Духтари беақл, охир дар мардикорбзр чӣ гум карда будӣ?! Моҳинур барои ҳамин фотиҳаро гардонд. Медони ӯ чӣ гуфт. "Писарам бисёр хоҳиш карда буд, вагарна худам ба ин кор розӣ набудам." Бо ин гапаш ба модарат киноя зад,- кампир аз алам гирён шуд.
- Бибиҷон!!!
-Бибӣ нагӯ! Ту ҳам бо роҳи ҳамон модари беномусат равонаӣ!!!
Моҳигул бо оби дидаи шашқатор гуфт:
-Бибиҷон, охир мани сарсахт чи кори бад кардам, ки мисли модарам шудам? Ягона айбам меҳнат карданам аст.
-Меҳнат!!! Магар рафта кори ҳар касу нокасро иҷро кардан меҳнат аст?! Ту ба ман гуфта буди, ки дӯзандагӣ карда истодаӣ. Боз мани сода ба гапат бовар кардам...
Кампир хун мегирист ва аз гиряи бисёр ранги рӯяш пахта барин сафед шуда уд.
-Бибиҷон, маҷбур будам.
-Рав ба хонаат даро, аз бо ин пул дорую дармон харидан мурданам беҳтар буд. Акнун ба духтаре, ки фотиҳааш гаштааст, ки ҳам хостгор мефиристад?
хххххххх
Холаи Саломат аз ин воқеа сахт ба изтироб афтод. Аз зиққии зиёд дардаш аз нав хуруҷ кард ва боз ба хонаи онҳо мошини “Ёрии таъҷилӣ” омад.
Ҳоли холаи Саломат дар беморхона вазнин буд. Моҳигул боз дар фикри чӣ гуна пул ёфтан афтид. Ӯ ба мардикорбозор рафтан намехост. Таклифи Аъзам пеши назараш меомад, вале афсӯс, ки Моҳигул пешниҳоди ӯро рад карда буд.
Ҳоли кампири бибиаш торафт вазнитар мешуд. Духтарак ночр монда, боз бо азоби рӯҳӣ ҷониби мардикорбозор қадам гузошт.
Барно аз воқеаҳои гузашта хабар ёфта, ҳар бегоҳ барои кӯмак ба ин духтараки бе касу кӯй ба Моҳигул каме пул медод, вале ин маблағи ночиз барои табобати бибиаш кифят намекард....
ххххххх
Рӯзе бачаи ҳамсоя Моҳигулро ҷеғ зад.
- Лаббай Шоҳрух, чӣ мегӯӣ?
- Шуморо акаи Шӯҳрат дар боғ мунтазиранд.
- Наход ӯ хатои модарашро дарк карда бошад,-фикр кард духтар ва ба сӯйи боғ шитофт.
Шӯҳрат Моҳигулро бо чеҳраи сард пешвоз гирифта гуфт:
-Ҳамин тавр карданат шарт буд?! Ба мардикорбозор набароӣ аз гуруснагӣ мемурдӣ?
-Ман чӣ кори бад кардам? Меҳнат кардан чӣ ҷйи айб дорад? Шумо аз ин кор ор мекунед? - дағалона пурсид Моҳигул.
- Ор ҳам гап аст....
-Ор накунед фотиҳаамон гаштааст. Дигар ба нангу ор кардани шумо ҳоҷат нест.
-Ту фикр мекунӣ ман намедонам, ки мардҳои бегона ҳар рӯз мардикордухтаронро бурда чӣ номаъқулиҳо мекунанд...
-Эээйй аз ҳад гузарондед-ку! Ба ин хел гуфтан чӣ ҳақ дорӣ? - бо тамоми овоз дод зад мардикордухтар.
-Даматро гир. Модарам гуфта буд, ки фарзанди сабукпоро нагир, ки аз ғ...-
Моҳигул ба давом додани ҳарфи Шӯҳрат имкон надода, ба рӯяш як торсакии обдор фаровард ва ҳиққосзанон гириста рафт.
Шӯҳрат рӯйи шаппотӣ хӯрдаашро бо дасташ дошта, аз қафои Моҳигул менигарист.
Духтарак ба хона омада, худро болои кати бибияш ҳаво дод ва бо тамоми овоз гирист. Ин дам ӯ ба як ҳамнафасениёз дошт, ки сарашро сила кунад.
хххххххххх
Моҳигул сари субҳ ба хабаргирии бибияш ба беморхона рафт ва дорую дармони лозимаро ба духтур дода, назди бибияш даромад:
- Духтарам, туро ҳам дар азоб гузоштам.
- Чаро ин тавр мегӯед бибиҷн, ҳеҷ азоб накашидаам.
-Эҳ, агар ман дарди сари ту намешудам, ҳаргиз барои кор ба мардикорбозор намерафтӣ. Модарат ҳам боре аз ҳоли ману ту хабар намегирад. Моҳигул, ман манзили модаратро медонам, аммо аз ту пинҳон медоштам...
- Чӣ? Ҷои модарамро медонед?!
(Давом дорад)