Sebiston new 2024 october
Зиндагӣ бе камбудӣ намешавад
1257

Меҳмони навбатӣ сокини шаҳри Душанбе Чамангул Расулова мебошанд, ки бо шавҳарашон 70 сол зиндагии муштарак доранд. Ин пиразани рӯзгордида имрӯз соҳиби шаш фарзанд, 17 набера ва 16 абера ҳастанду давраи тиллоии умрашонро мегузаронанд.

Мо аз бибии Чамангул, ки аз зиндагии якҷоя бо шавҳарашон розӣ ҳастанд, бо саволи зерин муроҷиат намудем:

-Барои он ки зиндагӣ ширин сипарӣ гардаду дар оила нофаҳмиву низоъ сар назанад, зан бояд чӣ гуна бошад?

-Дар зиндагӣ зан бояд пеш аз ҳама сабур бошад. Барои он ки пойдевори бахту зиндагии хонаводагӣ мустаҳкам бошад, ҳамеша сабру таҳаммулро пеша бояд кард. Аз ман ҳамеша суол мекунанд, ки тарбияву нигоҳубини 6 фарзанд душвор набуд.

Албатта душвор буд, зиндагӣ бе камбудӣ намешавад, мушкил буд, шабҳо хоб намерафтаму кори хонаро анҷом медодам, рӯзҳо ба ҷои корам мерафтам, агар фаррош бо ягон сабаб ба ҷои кор намеомад, ба ҷояш кор мекардам, зарфшӯй намешуд, кори ӯро анҷом медодам. Агар чанд дақиқаи холӣ меёфтам, давида аз ҳоли кӯдакон хабар гирифта, боз ба ҷои кор мерафтам.

Дар зиндагии мо ҳамеша ҳамдигарфаҳмиву нишот ҳукмфармо буд. Вақте давраи оиладоркунии фарзандон фаро расид, ман ҳеҷ гоҳ монеи интихобашон нашудам. Ҷигарбандонам худашон ҳамсарони худро интихоб карданду шукри Худо имрӯз рӯзу рӯзгори тинҷу осуда ба сар доранд. Шукрона мекунам, ки фарзандони солеҳу фарзона ва шахсиятҳои донишманду барои ҷамъият нафърасонро ба воя расонидем.

Ҳамчун зани рӯзгордида ба ҷавонон гуфтан мехоҳам, ки ҳеҷ гоҳ аз пайи ҳавову ҳавас ва пулу моли дунёӣ нашаванд, зиндагиро дӯст доранд, зану шавҳар ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо оварда, фарзандонро дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоянд.

Бигзор дар Ватани азизамон тинҷиву амонӣ бошад, ҳамаи шуморо ба синну соли мо расонаду зиндагии ширин насибатон гардад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД