arzon replenishment
Зикрихудоев: “Соли оянда дар Бадахшон роҳпаймоӣ карда шавад”
515

 

“Тули панҷ сол аст, ки шахсони имконияташон маҳдуд дар роҳпаймоиҳо иштирок мекунанд, ки боиси дастгирист. Вале ман мехоҳам, ки чунин маърака дар Бадахшон ва водии Рашт ба нақша гирифта шавад. Мефаҳмам, ки роҳҳои ин минтақа шояд каме мушкилӣ биёрад, вале мо бояд аз мушкилиҳо натарсем. Аллакай ду бор аст, гурӯҳи корӣ ба ин минтақа сафар мекунад. Дар нақша гирем, ки соли оянда роҳпаймоӣ карда шавад. Ҳар яки мо бояд дар назди худ мақсад гузрем, ки ягон шахси маъюбтият дошта дар канор намонад.”

Асаддуло Зикрихудоев, Раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ин нуқтаро дар як мизи муддавар, ки дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб "Иштирок " баргузор гашт, қайд намуд.

              Пешниҳод дорам, ки....

Мушкилиҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, аз ҷумла, мушкилии роҳравҳо, қобили истифода набудани пантусҳо ва дар маҷмуъ дастнорас будани имкноятҳои дастрас, ки барои ин гурӯҳи одамон пешбинӣ шудааст, баррасӣ гардида, аз ҷониби раиси иттиҳодия ба шахсони масъул баъзе пешниҳод низ карда шуд, ки “Якум, дар оянда такя ба “Нақшаи миллӣ” амал намоем, дуюм роҳпаймоӣ дар ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла, Бадахшон миёни маъюбон ба нақша гирем, чунки то имрӯз чунин чорабиниҳо баргузор нагаштааст ва сеюм мушкилии занони маъюбиятдошта дар сатҳи сиёсат баррасӣ гардад”, қайд кард ӯ.

Аз ҷорӣ гардидани шиноснома ба соҳибкороне, ки ба сохтмон машғуланд, ҷонибдорӣ намуда, онро як навъ ғамхорӣ ва дастгирӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон нисбати маъюбон хонд.

"Муҳити дастрас" ба маъюбон дастрас аст?  

Ҳамчунин, аз Барномаи давлатии “Муҳити дастрас” ёдовар шуда, қайд кард, ки бояд он дар амал татбиқ шавад. Аз он изҳорои норозигӣ кард, ки барои сохтани як бино маблағҳои калон сарф мешавад ва ворид кардани талаботҳои маъюбон шояд то панҷ фоизи маблағро ташкил кунад, вале онҳоро ба талабот ҷавобгӯ намекунанд. Дастрасӣ доштани маъюбон ба имкониятҳое, ки доранд, яке аз мушкилиҳои калидӣ маҳсуб меёбад.

Тибқи оморӣ расмӣ 159 526 нафар шахсони маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 32 180 нафарашон маъюби то 18 соларо дар бар мегирад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД