Зиёда аз 400 кас аз ҷавобгарӣ барои
лайк ва комментария озод шуданд
405 нафар дар соли 2025 барои “лайк” гузоштан, репост кардан ва навиштани шарҳ, яъне комментария дар зери маводҳои хислати ифротгароёна дошта аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудаанд. Дар ин бора Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода хабар дода гуфтааст, ки ин иқдом дар пайи дастури сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оғоз накардани парвандаи ҷиноӣ барои лайк ва комментария ва ворид гаштани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии кишвар амалӣ гашт.
Ёдрас мешавам, ки қаблан лайк гузоштан ва комментария навиштан ба чунин маводҳо ҳамчун далели даст доштан дар ҷиноят ҳисобида шуда, барои чунин амалҳо аз 5 то 15 соли зиндон пешбинӣ шуда буд, аммо моҳи октябри соли 2024 президенти мамлакат аз боз кардани парвандаҳои ҷиноӣ барои "лайк" интиқод намуда, лағви онро талаб намуд. Ҳамин тавр ба қонунгузории ҷиноятии кишвар тағйирот ворид карда шуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои лайк ва комментария аз байн бардошта шуд.