Commerce bank may-june 2026
Зиёда аз 2000 муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Британияи Кабир фиристода шуданд
72

Вазир гуфт:

Зиёда аз 2000 муҳоҷирони тоҷик барои кор

ба Британияи Кабир фиристода шуданд

Дар шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 2000 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора имрӯз, 13-уми июл, Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода гуфт:

“2198 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба ширкатҳои бузурги Британияи Кабир, ки самти кишоварзӣ кору фаъолият менамоянд, бо роҳи қонунӣ ба кор сафарбар карда шуданд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз музди меҳнат ва шароитҳои корӣ дар Британияи Кабир бисёр розӣ ҳастанд.

Дар идомаи суҳбат вазир зикр намуд, ки диверсификатсия, яъне гуногунсамтсозии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ идома дошта, кишвари мо бо бисёр давлатҳои хориҷӣ барои интиқоли қувваи к орӣ созишномаҳои дуҷонибаро ба имзо расонидааст. Муҳоҷирони тоҷик метавонанд тавассути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигар идораҳои зертобеъи он бо роҳи қонунӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Қувейт, Баҳрайн, Булғористон ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД