Барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ соли 2024 дар ҷумҳурӣ 107 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 30 нафар ҷавонон ҷазо гирифтаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) Умед Бобозода дар гузориши солонааш дар ин хусус хабар додааст.
Ба гуфтаи Омбудсмен, алайҳи афроди маҳкумшуда бар асоси моддаи 343 (“Саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ”)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Дар ин банди қонун ҷарима ба маблағи аз 37 500 то 75 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол пешбинӣ шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки соли гузашта 95 мавриди латукӯб ва таҳқир дар байни хидматчиёни ҳарбӣ, ки ба истилоҳи расмӣ, "нақзи қоидаҳои қонунии танзими муносибатҳои миёни низомиён" номида мешавад, ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон 13 нафар кормандони комиссариати ҳарбӣ барои иҷрои номатлуби вазифаашон муҷозот шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта 34 афсар аз қисмҳои ҳарбӣ фирор карда, 28 нафари дигар бидуни иҷозат макони хизматро тарк намудаанд. Ваколатдор ин амали сарбозону афсаронро ҷиноят номидааст, вале мушаххасан чӣ ҷазо гирифтани онҳоро ошкор накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Омбудсмен изҳор доштааст, ки соли гузашта теъдоди ҷавонони ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта афзоиш ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ имсол низ мисли ҳамеша аз 1-уми октябр оғоз ёфта, дар рӯзи аввали маъракаи даъват чанд ноҳия нақшаи худро иҷро намуданд.
Дар маҷмуъ дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 55% иҷро шуда, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар то охири моҳи ноябр идома меёбад.