Sebiston new 2024 october
Зиёда аз 100 нафар гирифтори фарбеҳӣ дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ шуданд
12.12.2024
ОИЛА.ТҶ
617

- Ба зиёда аз 100 нафар гирифтори бемории фарбеҳӣ ва оқибатҳои он амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ бомуваффақият гузаронида шуд,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми беш аз як сол, ки амалиётҳои ҷарроҳии бариатрикӣ барои гирифторони бемории фарбеҳӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба роҳ монда шудааст, ба зиёда аз 100 нафар бемори гирифтори фарбеҳии вазнашон аз ҳад зиёд чунин амалҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуд.

Зикр мешавад, ки амалиёти мазкур ба таври лапораскопӣ, бе буриши калони шиками бемор гузаронида мешавад, ки ин як дастовард дар соҳаи ҷарроҳии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Табибони ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо - номзади илмҳои тиб Боқиев Фатҳулло ва Ҳакимзода Беҳруз курсҳои бозомӯзиро дар кишварҳои хориҷӣ гузашта, якҷо бо ҳамкорони хеш амалиёти ҷарроҳии мазкурро гузаронидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД