То вақте ки илм дар рўи замин боқист, мардумон дар ҳидоятанд. Пойдории илм ба ҳастии олимон аст ва Пайғамбар (с) барои эҳтироми илм ва аҳли он тавсия ва дастурҳо додааст, зеро олимон меросбарони Пайғамбар (с) буда ва пайғомбарон аз худ танҳо илм боқӣ гузоштаанд.
Аз баракати олимон ҷомеа ба низом меояд ва аз набуданашон зебогии замину осмон аз байн меравад, чунки мардум роҳи ростро намеёбанд ва гумроҳ мешаванд.
Дар масири таърих кам нестанд касоне, ки бо аз худ кардани илму дониш Худоро шинохта ба дини Ислом гаравидаанд ва саодатманди дунёву охират гардидаанд. Баръакс, аз нодониву беилмӣ баъзе Исломи бузургро аз даст додаанд.
Худованд дар каломи азизи худ мефармояд: «Аз Худованд ҳамеша олимон метарсанд». (Сураи «Фотир», ояти 28).
Чун аз Худо тарсида шавад, ҷомеа ба салоҳ меояд, ҳуқуқи байни афрод риоя мегардад ва ба касе ситам карда намешавад. Аз ин ҷиҳат аст, ки Пайғамбар (с) илм ва аҳли онро ситуда мегўяд: “Ҳар толибе, ки ба назди олиме мераваду илм меомўзад, Худованд ба ҳар ҳарфи омўхтааш ва ба ҳар қадами гузоштааш савоби ибодати як соларо барояш менависад”.
Ҳазрати Алӣ дар фазилати илм мефармояд, ки илм беҳтар аз мол аст, зеро илм нигаҳбони туст ва ту нигаҳбони мол ҳастӣ, илм ба сабаби бахшиш ба дигарон зиёда мегардад, вале мол кам мешавад. Олимон дар дунё ҳамеша зиндаанд, агар ҷисми онҳо дар миён набошад, номи онҳо дар дилҳо боқист.
Анас (р) ривоят мекунад, ки як боб аз илм, ки инсон меомўзад, барояш аз он беҳтар аст, ки ба вазни кўҳи Абуқубайс тилло дошта бошад ва онро дар роҳи Худо сарф кунад.
Ҳазрати Муъоз ибни ҷабал (р) дар фазилати илм чунин мефармояд: «Илм биомўзед, ки омўхтани ў накў ва талаб кардани он ибодат аст, гуфтугўи илм монанди тасбеҳ гуфтан аст ва баҳсу ҷустуҷўи он ҷиҳод дар роҳи Худост, таълим додани касе, ки чизеро намедонад, садақа аст, бахшидани илм барои аҳли илм наздикӣ ба сўи Худост. Бидонед, ки илм роҳе ба сўи ҷаннат аст, илм мўниси дилҳост дар ҳолати танҳоӣ ва дўст дар ҳолати ғарибист, сухангўи танҳоӣ, роҳнамо дар ҳолати фарохӣ вамададгор дар ҳолати душворист, зинат дар назди дўстон ва силоҳ бар зидди душманон аст».
Худованд гурўҳеро ба сабаби илм мартабаи баланд медиҳад, онҳоро пешво мегардонад ва мардум пайрави онҳо мешаванд. Ҳама хушку тар, моҳиёни зери баҳр ва ҳайвоноти рўи замину ҷонварони саҳрову дарё бар онҳо дуруд мегўяд, зеро илм ҳаётбахши дилҳо, чароғи дидагон ва қуввати ҷонҳост. Бандагонро мартаба ва дараҷаҳои олӣ медиҳад, тафаккури илмӣ баробари рўза доштан ва гуфтугўи он баробари намоз барпой доштан аст. Ба воситаи илм ба хешовандон мепайванданд ва ҳалолу ҳаромро мешиносанд. Илм пешво ва амал тобеъи он аст, насиби некбахтон асту бадбахтон аз он маҳруманд.
Ҳикояте аз Абдуллоҳ ибни Муборак мекунанд, ки ў дар ҳоли марг буду марде барояш аз илм чизе менавишт. Пас ба ў гуфта шуд, ки дар ҳамин ҳолат низ илм менависӣ? Гуфт: «Шояд калимае омўзам, ки то ба ҳол надониста бошам».
Илму дониш беҳтарин неъмат ва сармояест, ки ба инсон дода мешавад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ба ҳар кас илми нофеъ ва ҳикмат дода шуд, ба таври қатъ хубии фаровон ёфтааст». (Сураи «Бақара», ояти 269).
Касби дониш замони хос надорад, чунки илмомўзӣ аз гаҳвора то гўр фарз аст. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мефармояд:
Чунин гуфт Пайғамбари ростгўй,
Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй.