Sebiston new 2024 october
Журналист шудани зан айб аст?
308

Салом! Ман аз хурдӣ мехостам журналист шавам. Дар мактаб фанҳои забон ва адабиёти тоҷиқро бо шавқу завқи зиёд хонда, шеъру ғазалҳои бешуморро азёд мекардам, вале волидонам монеъи амалӣ гаштани орзуҳои ширини ман мегарданд. Онҳо бисёр мехоҳанд духтур шавам, вале ман аз духтурӣ метарсам, тобу тоқти дидани хунро надорам. Бисёр мехоҳам журналисти телевизион шавам ва дар оинаи нилгун баромад карда, барномаҳои ҷолибро ба мардум пешкаш созам, вале падару модарам мегӯянд, ки айб аст, магар аз мардум изо намекашӣ, наход зан -духтар рӯзноманигор шавад?!

Ҳама аҳли оилаи мо фикр мекунанд, ки духтар, агар журналист ё ровӣ бошад, касе ӯро ба занӣ намегирад ва келин намекунад, аммо ман бисёр занҳои рӯзноманигорро медонам, ки оилаи солим доранд ва ҳаёти хушбахтона ба сар мебаранд. Онҳо бо либоси миллӣ, рӯймол дар сар барномаҳои бисёр аҷиб таҳия менамоянд ва мухлисони зиёде доранд.

Зан бо роҳи рост равад ва ҳамчун журналист баҳри ҳамдиёрони худ барномаҳои ҷолиб ва тамошобоб таҳия намояд, магар айюб аст? Ҳайронам, охир чаро аз рӯйи баъзе занону духтароне, килибосҳои тангу нимурён пӯшида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои бемаъниро паҳн менамоянд, мо бояд музоҷот шавем ва орзуҳоямонро дар дил гӯр кунем?

Мехостам назари шумо-хонандагони азизро дар ин масъала фаҳмам. Илтимос, андешаҳоятонро нависед ва ба ман маслиҳатҳои судманд диҳед.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД