Commerc banl
Жоан Лапорта боз президенти “Барселона” шуд
17.03.2026
Oila.tj
71

Жоан Лапорта дар интихоботи президенти бошгоҳи “Барселона” пирӯз гардид. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ, Лапорта 68,18 фоизи овозҳоро ба даст овард. Рақиби асосии ӯ Виктор Фонт бошад, 29,78 фоизи овозҳоро соҳиб шуд. Ҳамчунин 2,04 фоизи иштирокчиёни интихобот ба ҳеҷ яке аз номзадҳо овоз надоданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мувофиқи маълумоти расмӣ, Жоан Лапорта аз 1-уми июл ба иҷрои вазифаи президенти клуб оғоз намуда, то соли 2031 роҳбарии “Барселона”-ро ба уҳда хоҳад дошт. Интизор меравад, ки дар давраи нави роҳбарии ӯ клуб ба рушди минбаъдаи варзишӣ ва молиявӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Ёдовар мешавем, ки Жоан Лапорта қаблан низ ду маротиба президенти “Барселона” дар солҳои 2003-2010 ва инчунин солҳои 2021-2026 буд. Дар давраи аввали роҳбарии ӯ клуб яке аз муваффақтарин давраҳои таърихи худро паси сар карда, ба чандин унвонҳои муҳими дохиливу байналмилалӣ ноил гардид.

Бо интихоб шудани Лапорта мухлисони “Барселона” умед доранд, ки клуб дар солҳои наздик ба сатҳи баланди рақобат баргашта, барои ба даст овардани ҷомҳои нав мубориза мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД