Созишномаи мазкур санаи 1-уми март дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии « МИСиС » дар Душанбе ба имзо дода шуд.
Ҷонибҳо дар мавриди рушди усулҳо ва технологияҳои пешрафтаи таълим, омодагии касбии кадрҳо ва ҷалби кормандони ширкати ZET-MOBILE ба раванди таълим ба мувофиқа расиданд.
Ин санадро Парвиз Махшулов, директори генералии ширкати ZET-MOBILE ва Муминҷон Ҷӯраев, директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии “МИСиС” дар Душанбе имзо карданд.
Дар доираи ҳамкорӣ дар донишкада ҷорӣ намудани технологияҳои нави муштарак, лоиҳаҳо ва усулҳои таълим, инчунин ташкили вохӯриҳо, конфронсҳои илмӣ, семинару симпозиумҳо дар соҳаи маориф бо истифода аз имкониятҳову технологияҳои муосири телекоммуникатсионӣ ZET-MOBILE ба нақша гирифта шудааст.