Дар деҳаамон зеботарин ва серхаридортарин духтар будам ва хурду калон ҳаваси маро мехӯрданд. Падарам дар як идораи бонуфуз кор мекард, барои ҳамин қариб тамоми бачаҳои қишлоқ аз пасам кашола бошанд ҳам, хостгории ягон нафарашонро қабул накард.
Азбаски дар оилаамон ман духтари яккаву ягона будам, падарам мехост маро ба ягон ҷавони ояндадор ба шавҳар диҳад, то дар зиндагӣ хор нашавам. Намедонам тақдир чунин буд ё васвасаи душманонаш асар намуд, ки падарамро бо баҳонаи ночизе аз кор ронданд. Бо сабукдӯш гаштани падарам аз вазифа ҷӯраҳояш пою қадамашонро аз хонаамон канданд. Падарам ба ин зарбаи тақдир тоб наоварда аламашро аз арақ мегирифтагӣ шуд. Аз субҳ то бегоҳ шароб менӯшиду доду войкунон хонаро ба сараш мебардошт. Бечора модарам аз зарби мушту лагади шавҳараш маъюб шуда монд. Ман мактабро бо баҳои аъло хатм карда бошам ҳам, натавонистам ба Донишгоҳи дилхоҳам ҳуҷҷат супорам, чунки шароити зиндагиамон бениҳоят душвор шуда буд. Намехостам ба модарам боз як дарди сари зиёдатӣ шавам. Умед доштам, ки ба шавҳар баромада аз паси хонаву дар ва зиндагии худ мешавам, аммо баъди аз мансаб рафтани падарам хостгорҳо дигар пояшонро ба остонаи хонаи мо нагузоштанд. Мардум майзада шудани падарамро фаҳмида акнун аз оилаи мо ҳазар мекарданд. Тамоми дугонаҳоям шавҳар карда рафтанду мани фаришта барин зебо бешавҳар мондам. Акнун дарк кардам, ки дар зиндагӣ пулу мол нақши ҳалкунандаро мебозидааст, на ҳусну ҷамолу ақлу тамиз ва маърифату одамгарӣ, агар чунин намебуд, ҳеҷ гоҳ аҷинасуратҳои беҳунар соҳиби бахту тахт гашта, ман барин духтари зебою боодоби панҷ панҷааш ҳунар аз бахт бенасиб намемонд...
Лутфия