toyota motors
Зебоӣ баъди 40-солагӣ
25.04.2026
Oila.tj
28

Дар синни 20-солагӣ барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қомату саломатӣ чанд машқи варзишӣ дар як ҳафта кофӣ аст. Аммо баъди 40-солагӣ ин дигар басанда нест. Барои нигоҳ доштани ҷавонӣ, саломатӣ ва эҳсоси хуб, бояд ба тарзи ҳаёт бо диққати бештар муносибат кард. Мутахассисон 5 қоидаи муҳимро тавсия медиҳанд.

Қоидаи 1. Назорати мунтазам

Баъди 40-солагӣ гузаштани ташхиси пурраи тиббӣ бояд ба одати доимӣ табдил ёбад. Беҳтараш соле ду маротиба ва ҳадди ақал як маротиба дар як сол аз муоина гузаред. Аз ҳама муҳим - таҳлили хун, санҷиши ҳолати ҷисм ва назорати рагҳои хунгард мебошанд. Ин ташхисҳо бемориҳоро барвақт ошкор карда, пеши роҳи пиршавии бармаҳалро мегиранд.

Қоидаи 2. Ғизои мутавозин

Ғизои дуруст ҳамеша муҳим аст, вале баъди 40-солагӣ он боз ҳам зарур мегардад. Ин ҷо сухан дар бораи парҳези сахт намеравад, балки дар бораи тарзи дурусти хӯрок хӯрдан аст. Рӯзона се маротиба хӯрок хӯрдан лозим: субҳона, нисфирӯзӣ ва шом. Дар ҳар хӯрок бояд сафеда бошад, то ки мушакҳо ва ҳуҷайраҳо солим бимонанд. Ҳамчунин, фосилаи байни шом ва субҳона бояд на камтар аз 12 соат бошад.

Қоидаи 3. Фаъолияти ҷисмонӣ

Барои шахсони аз 40-сола боло дар як ҳафта ҳадди ақал 120–150 дақиқа машқ кофист. Муҳим он аст, ки машқҳо гуногун бошанд:

машқҳо барои нигоҳ доштани мушакҳо, машқҳо барои дилу рагҳо,

ва машқҳои чандирӣ мисли йога ё гимнастика. Агар сатҳи омодагии ҷисмонӣ паст бошад, машқҳоро оҳиста оғоз кардан лозим аст.

Қоидаи 4. Истироҳати бофароғат

Ҳатто бо ғизои дуруст ва варзиш, бе истироҳат саломатӣ нигоҳ дошта намешавад. Стресс ва хастагии доимӣ метавонанд ҳамаи кӯшишҳоро барбод диҳанд. Барои барқарор кардани неру вақт ҷудо кунед: истироҳат, саёҳат, ҳобби ё ҳатто танҳо дам гирифтан дар хона. Муҳим аст, ки ҳар кас роҳи истироҳати худро пайдо кунад.

Қоидаи 5. Хоби солим

Норасоии хоб ба тамоми ҷисм таъсири манфӣ мерасонад: мубодилаи моддаҳо вайрон мешавад, гормонҳо халал меёбанд ва неру кам мешавад. Барои ҳамин, реҷаи дурусти хобро риоя кунед. Кӯшиш кунед барвақт хоб рафта, ба қадри кофӣ истироҳат намоед. Пеш аз хоб аз машқҳои вазнин ва ғизои зиёдатӣ худдорӣ кунед.

Баъди 40-солагӣ нигоҳ доштани ҷавонӣ танҳо аз як омил вобаста нест. Танҳо дар ҳолате, ки саломатӣ, ғизо, ҳаракат, истироҳат ва хоб дар тавозун бошанд, инсон метавонад худро солим, фаъол ва зебо нигоҳ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД