Arzon march 2024
Ӯзбекони Тоҷикистон иди Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиранд?
21.03.2025
Oila.tj
142

Дар миёни ӯзбекҳои Тоҷикистон, ки аз қадимулайём ин ҷо сукунат доранд ва мардуми таҳҷоӣ шуморида мешаванд, суннат ва анъанаҳои Наврӯз ҳифз шудаанд. Занҳои ӯзбек дар иди Наврӯз суманак ва дигар хӯрокҳои миллии худро омода месозанд. Соҳибхоназанҳо аз кабудиҳои баҳорӣ хӯришу самбӯсаҳои гуногун мепазанд. Хони наврӯзӣ пур аз хӯрокҳои лазизи баҳорӣ мегарданд. Дар дастархони идона ҳатман хӯрокҳои хоси баҳор, аз ҷумла таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд, гузошта мешаванд.

Оини асосии Наврӯзӣ дар миёни ӯзбекҳо табдили солинавии “Сумалак” аст, чунки ғалладонаи сабзида рамзи ҳаёт, гармӣ, фаровонӣ ва саломатӣ ба шумор меравад. Духтаракон арғамчинбозӣ мекунанд, мардони ӯзбек бошанд, бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирӣ ва тухмҷангак карда, иди наврӯзро бо шодиву нишот мегузаронанд.

Ӯзбекҳо боварӣ доранд, ҳар кору кирдоре, ки шахс дар тӯли 13 рӯзи Наврӯз иҷро мекунад, тамоми сол азҷониби ӯ иҷро карда мешавад. Аз ин рӯ, бахшидани қарзҳои якдигар бо онҳо одат шудааст.

Мувофиқи эътиқоди маъмул, бисёр чизҳо дар ин ид аз омадани шахси аввал ба хона вобаста аст. “Аввалин меҳмони соли нав бояд шахси оромтабиат ва меҳрубон, хушахлоқу некном, бообрӯ ва муҳимтар аз ҳама - некқадам бошад ва ба хона хушбахтӣ орад”,- меандешанд онҳо.

Пас аз таҷлили рӯзиаввали Наврӯз одатан корҳои саҳроӣ оғоз меёбанд, ки бо иҷрои маросимҳои мухталиф сурат мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД