Бахшида ба 8-уми март - Рӯзи Модар мо бо яке аз бонувони зебо ва муваффақи тоҷик Зайнаб Ҳусейнова, ки ҳамчун блогер мардум ӯро хуб мешиносанд, суҳбати ҷолибе анҷом додем ва фишурдаи муҳовараи хешро манзуратон месозем.
- Зайнаб, пеш аз ҳама шуморо бо иди бонувон ва Рӯзи Модар муборакбод мегӯем!
- Ташаккури зиёд. Ба кулли бонувон ва модарони тоҷик низ ид муборак бошад!
- Шумо дар Рӯзи Бонувон ба ягон кас туҳфа мекунед ё танҳо аз наздикон туҳфа мегиред?
- Албатта туҳфа гирифтанро дӯст медорам, аммо туҳфа карданро дар ин рӯз дӯсттар медорам. Зиёдтар ба азизонам ва пеш аз ҳама ба модарҷонам туҳфа мекунам.
- Дар интихоби туҳфа ба чӣ аҳамият медиҳед: арзиши туҳфа ё чизе, ки шахси туҳфагиранда ба он ниёз дорад?
- Ба фикри ман зери мафҳуми ТУҲФА таваҷҷуҳ ниҳон аст, бояд туҳфагиранда эҳсос кунад, ки агар ҳамон таваҷҷуҳ намебуд, туҳфааш намекарданд.
- Ба фикри шумо ҳамчун як зан бонувон дар 8-уми март кадом туҳфаро орзу мекунанд?
- Аввал гул ва таваҷҷуҳ, баъд тилло. Бонувон худашон тилло ҳастанд, вале боз мехоҳанд тилло дошта бошанд.
- Қиматтарин туҳфае, ки дар 8-уми март гирифтаед, чӣ буд ва онро кӣ ба шумо тақдим намуд?
- Қиматтарин туҳфа як шоколад аз падарам буд, ки пешаш тамоми туҳфаҳои қиматбаҳои гирифтаам ҳеҷ аст!
- Таманниёти шумо ҳамчун як бону ба занону духтарони тоҷик?
- Бори дигар кулли бонувонро ба Рӯзи Модар таҳният намуда, барои ҳар яке пеш аз ҳама саломативу бурдборӣ ва ба хонадонашон нуру сафо, ваҳдату ҳамдилӣ, хайру саховат ва пирӯзиву баракати зиндагониро таманно дорам!