Журналист ва ровии муваффақи кишварамон Заррина Мухторзодаро туфайли барномаи ”Оила ва муҳаббат”-и Радиои Тоҷикистон хурду калон хуб мешиносанд. Зарринабону дар баробари чеҳраи шинохта будан, ҳамчунин ҳамсари меҳрубон ва модари ғамхор аст.
Аз ҳамин хотир дар “Рӯзи ошиқон” мо бо ин зебосанам дар боби муҳаббат ва оилаву оиладорӣ суҳбати ҷолибе ороста, фишурдаи онро манзури хонандагони гиромии сомонаи Оила. ТЧ мегардонем.
-Зарринабону, қабл аз ҳама шуморо бо “Рӯзи ошиқон” табрику муборакбод мегӯем!
-Ташаккур. Ман ҳам дар шахсияти шумо тамоми хонандагони сомонаи Оила.ТЧ-ро бо “Рӯзи ошиқон” муборакбод мегӯям. Дар ҳақиқат ишқ бузургтарин тӯҳфаи офаридгор ба банни башар аст. Шахсе, ки ин эҳсоси зеборо дар қалбаш мепарварад, наметавонад бадиро ба касе раво бинад, зеро худи ишқ аз худ гузаштан ва маҳбуби хешро бештар аз хештар дӯст доштан аст.
-Шумо ва ҳамсаратон якдигарро дӯст дошта хонадор шудед?
-Ростӣ мо бо ишқу ошиқӣ оиладор нашудаем. Волидонамон ба мо ҳамагӣ як моҳ мӯҳлат дода буданд, то ки хислату хӯйи ҳамдигарро омӯзем. Дар ин муддат якдигарро эҳтиром менамудем ва кӯшиш мекардем, ки бо ягон сухани ноҷо дили ҳамдигарро озор надиҳем. Вақте ки ақди никоҳ бастем, аҳд кардем, ки бо ишқу муҳаббат зиндагиро пеш мебарем ва дар ҳақиқат чунин шуд. Дар вақташ бе ишқу муҳаббат оила барпо карда бошем ҳам, имрӯз мо ошиқи шайдои ҳамдигар ҳастем ва 12 сол мешавад, ки зиндагии зебову ширини ошиқона дорем.
-“Рӯзи ошиқон”-ро чӣ гуна таҷлил мекунед?
-Ман ҳар сол дар “Рӯзи ошиқон” барои шавҳарам тӯҳфаҳои зиёде мехарам, ҳамсарам низ маро бо тӯҳфаи аҷиб шод мегардонад. Тӯли ин солҳо бароям тӯҳфаҳои гаронбаҳои зиёде тақдим намудааст, вале намедонам аз чи бошад, ки беш аз ҳама аз гирифтани гул хурсанд мешавам. Бароям беҳтарин тӯҳфа дар “Рӯзи ошиқон” гул аст.
-Ба фикри шумо имрӯз ишқи ҳақиқӣ вуҷуд дорад?
-Бале, вуҷуд дорад. Ба фикри ман ишқи ҳақиқӣ баъди оиладор шудан пайдо мешавад. Хоҳӣ, ки оилаи намунавӣ дошта бошӣ, зиндагиатро бо ишқ бисоз!