Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз заҳролудшавии чор узви як оила дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз дуди ангишт хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тибқи маълумоти сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳияи Шоҳмансур шаби санаи 24-уми декабри соли 2024 дар маҳаллаи Ховарон, шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансур 4 нафар шаҳрвандон, аз ҷумлаи аъзои як оила аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шуда, ба Беморхонаи марказии тиббии №3-и шаҳри Душанбе интиқол дода шудаанд.
- Айни замон беморон дар ҳуҷраи наҷоти шуъбаи заҳролудшудагон таҳти назорати табибон қарор доранд. Аз заҳролудшудагон модари хонадон 33 сол дорад. Се нафар яке 13-сола, дуюмӣ 10-сола ва сеюмӣ чорсола мебошанд,- меафзояд манбаъ.
Сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳо гуфта мешавад.