Зарина Қурбонова маъюб бошад ҳам, вале ба рағми номардиҳои тақдир кор мекунад ва як луқма нони ҳалол барои фарзандонаш пайдо мекунад. Ӯ мӯътақид аст, ки бо заҳмату азобу ранҷ то дер боз пул ёфта наметавонад, чунки пойҳояш дигар маҷоли кор карданро надоранд.
Зарина модари ду фарзанд аст, ки ҳар ду ҳам мактабхонанд. Падару модараш кайҳо ин олами фониро тарк намудаанд. Шавҳараш низ “бо зани маюб умре сарамро сафед намекунам“ – гуфта, ӯро бо ду фарзандаш партофта рафтааст. Аз ҳамон вақт инҷониб Зарина ҳамроҳи бачаҳояш дар иҷора мешинад. Тавре, ки худи ӯ мегӯяд: “маблағи иҷора 500 сомонӣ аст. Онро ҳар моҳ аз мо талаб мекунад. Сарамро ба сад дар зада, пул мекобам, то соҳибхона аз дараш наронад. Писарчаи калониам 15 сол дошта бошад ҳам, вале ӯ баъди дарс ароба мекашад”. Инак, муроҷиати ин модари зорро манзуратон мекунем.
Ассалому алейкум! Ман як модари танхоям. Маъюб буда, базӯр роҳ мегардам. Оилаам камбизоат буда, ду писарча дорам, ки яке 15 - сола ва дигаре 10 – сола аст. Падару модарам ким кайҳо аз дунё гузаштааст.
Аз идора: Онҳое, ки имкони кӯмак доранд, метавонанд ба рақами 927761809 занг зананд.