Салом. Дер боз мехостам дарди диламро ба гӯшаи “Номаҳо”ирсол намоям. Шояд ин нома барои баъзеҳо оддӣ бошад, аммо барои мани дилсӯхтаи ошиқ хеле сангин аст. Касе ки ошиқ шуда бошад, дарди маро мефаҳмад.
Ду сол қабл дар Русия ба мардикорӣ машғул будам. Мисоли дигар ҷавонон ман ҳам ба шабакаҳои иҷтимоӣ аъзо шудам. Боре тариқи як шабакаи иҷтимоӣ бо духтаре шинос шудаму дар дилам меҳраш ошён гузошт. Муҳаббати интернетии мо хеле идома ёфт.
Мани муҳоҷир таъкид кардам, ки ба шарте ӯро ба занӣ мегирам, ки аксҳои бо либоси аврупоӣ гирифтаашро аз шабакаи иҷтимоӣ нобуд созад. Духтар розӣ шуда, тамоми аксҳои зебояшро аз шабакаи иҷтимоӣ гирифт.
Ман ба Ватан занг зада, ба модарам гуфтам, ки ба хонаи онҳо хостгорӣ равад. Модарам баъди хостгорӣ рафтан ба ман занг зада гуфт, ки духтар маъқулаш нашудаасту аммо хотири ман ӯро фотиҳа кардаанд.
Акнун маро лозим буд, ки барои баргузор намудани маъракаҳои тӯй пул ҷамъ кунам. Вақте ба Ватан омадаму мо вохӯрдем, эҳсос намудам, ки барои дӯстдоштаам шавҳаркунӣ ба мисли бозӣ аст. Боре пеш аз тӯй ба интернет даромада, ба “Одноклассники” аъзо шудам. Ногаҳон чашмам ба аксҳои нимурёни арӯсшавандаам афтод.
Аз рашк вуҷудам меларзид, хостам рафта, аз гиребонаш гираму пора-порааш кунам. Аламам мекард, ки бо фиребу найранг маро ба худ ошиқ карду орзуву умедҳоямро барбод дод. Дилам тамоман азон духтар хунук шуд.
Акнун ман ҳафтаи дигар тӯй дорам. Бо як духтари деҳотии худамон оиладор мешавам. Аммо ҳанӯз барои шабзиндадориҳои ошиқонаам дар тӯли ду соле, ки дар ғарибӣ аз сар гузаронидам, дилам месӯзад. Ба он бевафои ситамгар гуфтан мехоҳам, ки “садқаи ман барин ҷавонмард шавӣ!”
Р., аз ноҳияи Ҳисор.