Ду марди душанбегиро барои лату куби занҳояшон, ки худро “зӯр” нишон дода, аз оҷизии онҳо истифода бурда, зери мушту лагад қарор доданд, ба ҳабс гирифта шуданд.
Зане, ки аз ҷониби ҳамсари собиқаш Ҳасан Муқимов, сокини шаҳри Душанбе мавриди лату куб ва хушунати хонаводагӣ қарор дошт, аз болои ӯ ба шуъбаи милитсия шикоят бурдааст. Зан гуфтааст, ки Ҳасан ӯро озори ҷисмониву равонӣ медиҳад ва зиндагиашро халалдор месозад, омдааст дар хабари Раёсати вазорати корҳои дохилӣ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Муқумов Ҳасан тибқи талаботи моддаи 93 иловаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.
Ҳолати дигаре, ки боиси ҷанҷол ва зери лату кӯби қарор доштани як зани дигар гаштааст, бадмастии шавҳар мебошад. Амоналӣ Ҷайлобови 36 сола , сокини шаҳри Душанбе, дар ҳолати мастӣ занашро лату кӯб мекунад. Аз рӯи ин ҳолат дар асоси Қарори Суд номбурдаро ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуданд.
Зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилиҳои доғи ҷомеа маҳсуб ёфта, нафарони зиёде аз тарафи ин ва ё он пайвандашон дучор мегардад. Мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии хушунат ва зуроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, аз байн бурдани муноқиша ва нофаҳмиҳои оиладорӣ нозирони пешгирии зуроварӣ дар оиларо таъсис додааст.