Дирӯз, 14-уми апрел дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ӯзбек моҷаро сар зада, баҳсу мунозираи лафзӣ бо занозанӣ ба поён расидааст. Дар ин бора russianstoday.ru хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, моҷаро байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ӯзбек дар қисмати шарқии Маскав дар майдони сохтмонии комплекси манзилии “Метроном” сар зада, кор то занозании гурӯҳӣ расидааст. Сабаби муноқиша ва занозании муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва ӯзбек, ки дар ин сохтмон паҳлу ба паҳлуи ҳамдигар истода кор мекарданд, маълум нест, вале дар рафти моҷаро онҳо бераҳмона ҳамдигарро латукӯб кардаанд.
Дар акс ва наворҳое, ки russianstoday.ru нашр кардааст, дида мешавад, ки чӣ тавр муҳоҷирон ҳамдигарро бо арматур ва сангу чӯб мезананд.
“Муҳоҷирони меҳнатӣ ба сӯйи ҳамдигар санг мепартоянд, рақибони худро бо чӯб, хишт ва арматур мезананд, аммо мисли ҳамеша дар наздикӣ ягон корманди пулис дида намешавад”,- навиштааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз расонаҳои дигари русӣ навиштаанд, ки посбонҳои сохтмон кӯшиш кардаанд тарафҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунанд, аммо зӯрашон ба муҳоҷирони моҷароҷӯй, ки шумораашон аз 30-40 нафар зиёд будааст, нарасида, худ низ ба ин моҷаро кашида шудаанд ва аз ҳарду тараф мушту лагади зиёде хӯрда, ба беморхона афтодаанд. Вазъи саломатии осебдидагони моҷаро миёнавазнин арзёбӣ мешавад. Танҳо пас аз он, ки посбонҳо ба пулис хабар додаанд, бо омадани пулис моҷаро ба поён расида, тамоми иштирокчиёни ин занозанӣ боздошт шудаанд.
Айни ҳол аз рӯйи ин ҳодиса парванда оғоз ёфтааст ва тахмин меравад, ки ташкилкунандагони ин занозанӣ аз қаламрави Россия ихроҷ карда мешаванд.