Гузориш аз Форуми якуми занони Тоҷикистон
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон Форуми 1-уми занони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати гендерии Тоҷикистон баргузор гашт.
Форуми мазкур ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бахшида шуда, дар кори он намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, раисон ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷуҳурӣ, сиёсатмадорони варзида ва иштирокчиёни бевоситаи сесияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва ҳамчунин васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Форуми занони Тоҷикистон бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ оғоз бахшид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни форумро хайрамақдам гуфт. Пас аз ин муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода, собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни бевоситаи иҷлосияи тақдирсзи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарипова ва Рафиқа Мусоева ва дигарон суханронӣ намуда, зимни баромадҳояшон таъкид намуданд, ки маҳз бо шарофати ҳамин иҷлосияи тақдирсоз ва ба ба сари давлат омадани Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун кашида шуд ва сулҳу субот пойдор гашта, Тоҷикистон аз як давлати ҷангзада ба як кишвари тинҷу ободу осуда табдил ёфт.
Собиқадорони меҳнат ва иштирокчии бевоситаи сессияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарипова ва Рафиқа Мӯсоева хотироти худро аз рӯзҳои талху душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва талошу ҷонбозиҳои сарвари давлат дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва дубора обод намудани Тоҷикистони бар асари ҷанг харобгашта нақл карда, таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали сари қудрат омаданаш Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз занону модарон пуштибонӣ менамуд. Занони тоҷик дар навбати худ нисбати сарнавишти миллат ва Ватан бетараф намонда, дар ҳамон айёми пуртаззод ҳамеша дар бари сарвари давлат буданд ва ҷон дар кафи даст гирифта, бо садҳо азобу машаққат гоҳ танксавору гоҳ мошинсавор, гоҳ харсавору гҳ аспсавор ва гоҳе пойи пиёда ба минтақаҳои ҷангзада сафар мекарданд, то ба осебдидагони ин ҷанги бародаркуш кӯмак расонанд ва дар раванди оштӣ додани тарафҳо ва пойдор гаштани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми худро гузоранд.
Низорамоҳ Зарипова, ки ба синни мубораки 99-солагӣ расидаву зиёда аз 50 -соли умри пурбаракаташро сарфи корҳои сиёсӣ намудааст, аз талошу ҷонбозиҳои занони тоҷик аз даврони ревлютсия қисса намуда, аз корнамоиҳои бонувони шуҷоъе ёдовар гашт, ки солҳои 1924-1929 барои аз як ҷумҳурии автономӣ дар ҳайъати Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфтани Тоҷикистон басо талош намуда, ҳамчун фарзандони содиқи ватан хизматҳои арзанда кардаанд. Ин зани тоҷик, ки худ як достони зинда аст, аз баромадҳояш дар Созмони Миллали Муттаҳид, дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва дигар давлатҳои пешрафта ёдоварӣ намуда гуфт:
“Ба ман муяссар гаштааст, ки ҳамчун як зани фаъоли тоҷик борҳо ба мамлакатҳои гуногун сафар карда, аз номи бонувон барои ҳимояи ҳуқуқҳои занон баромад кунам, ҳатто як бор дар Созмони Миллали Муттаҳид баромад карда 6 пешниҳоди мушаххасро пешкаш кардам ва ҳамаи пешниҳодҳои мо аз ҷониби ин созмони бонуфуз дастгирӣ карда шуданд. Бо ин ман худамро ситоиш карданӣ нестам, фақат мехоҳам таъкид кунам, ки зани тоҷик ба ҳама кор қодир аст! Фақат мо занҳо бояд ба худ, ба донишу малакаи худ боварӣ дошта бошем ва муттаҳид гашта, содиқона ба халқу Ватан хизмат кунем!”
Дар рафти форум иштирокчиён таъкид намуданд, ки тайи 30-соли охир бо шарофати пойдории сулҳу субот дар кишвар ва дастгириҳои сарвари давлат нақшу мақоми зан дар ҷомеа торафт боло меравад. Занони муосири тоҷик дар баробари иҷро намудани рисолати азалии худ ҳамчун зан-модар имрӯз дар тамоми соҳаҳо дар баробари мардон заҳмат кашида, ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд.
Ҳадаф аз баргузор намудани ин чорабинӣ дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи сарвари давлат муттаҳид намудани занону духтарон ва минбаъд боз ҳам мустаҳкамтар кардани нақшу мақоми зан дар ҷомеа буда, ба гуфти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода минбаъд чунин форумҳо тез-тез баргузор карда мешаванд ва моҳи феврали соли 2023 баргузор намудани форуми занони сохторҳои қудратӣ дар назар аст.
Дар охир аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила ба Низорамоҳ Зарипова, Рафиқа мӯсева ва боз чанд нафар собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд ва Форуми 1-уми Занони Тоҷикистон бо садо додани суруди миллӣ ба кори худ хотима бахшид.