Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат аз рӯи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» курси омӯзишӣ барои 20 нафар занон-кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст гардид.
Курси ормӯзишӣ бо мақсади тақвият додани донишандӯзии хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби бонувон дар азхудкунии забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, коргузорӣ дар идораи давлатӣ, маҳорати суханварӣ ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда буд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар додааст, дар ҷамъбаст хатмкунадагони курс бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар мавриди курси омӯзишӣ, ки дар ҳаҷми 96 соати таълимӣ се моҳ идома ёфт, ибрози андеша намуда, соҳиби Гувоҳнома шуданд. Баргузории курсҳои мазкур дар як сол се маротиба ба нақша гирифта шуда, дар маҷмуъ 60 нафар занону духтарон аз мақомотҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ин курсҳо ҷалб мегарданд.