arzon replenishment
Занҳои тоҷик метавонанд ба Қатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?
774

Салом! Ман сокини шаҳри Хуҷанд ва мухлиси сомонаи Oila.tj мебошам. Чанде пеш дар сомонаи дӯстдоштаам хабареро мутолиа намудам, ки Тоҷикистон ба давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии худро равон мекардааст. Мехоҳам донам, ки занҳои тоҷик ҳам ба Қатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё не? Агар ҳа, пас барои занон дар он ҷо кадом намуди корҳо ҳастанд?

Мухлиси Oila.tj

Посух:

- Масъалаи сафарбарсозии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Қатар барои кор рӯзи 10-уми декабри соли равон зимни мулоқоти масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндагони Вазорати рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар изҳор доштанд, ки давлати Қатар омода аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор қабул намояд. Ҳуқуқҳои коргаррон ҳамаҷониба ҳимоят карда мешавад. Байни занон ва мардон барои кор дар Қатар ягон маҳдудият гузошта нашудааст.

Тибқи Созишномаи Тоҷикистону Қатар теъдоди муҳоҷирон маҳдуд нест ва вобаста ба талаботи давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар сафарбар карда мешаванд.

Санаи аниқи фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба Қатар ҳанӯз маълум нест, вале шахсоне, ки ба Қатар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, бояд аз ҳоло омодагиро сар кунанд. Барои ин ҳатман забони арабиро ақаллан дар сатҳи гуфтугӯ омӯхта, ҳунар ва маҳорати касбии худро баланд бардоштан лозим аст.

Барои фаҳмидани шартҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлати Қатар шумо метавонед ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва ё Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД