Arzon march 2024
Занҳои муҳоҷир аз гирифтани “Материнский капитал” маҳрум шуданд?
799

 Россия додани “Материнский капитал”-ро ба шахсоне, ки шаҳрвандии ин кишварро надоранд, қатъ мекунад.

Шурӯъ аз 1-январи соли 2024 танҳо шаҳрвандони Федератсияи Россия барои кӯдакони навзодашон, ки дар қаламрави ин кишвар ба дунё омада, шаҳрванди Федератсияи Россия ба шумор мераванд “Материнский капитал”хоҳанд гирифт.

Президенти Россия Владимир Владимирович Путин ба Қонун дар бораи додани “Материнский капитал” имзо гузошт, ки тибқи он шурӯъ аз 1-январи соли 2024 танҳо шаҳрвандони Федератсияи Россия метавонанд барои кӯдакони навзодашон сармояи модарона, яъне “Материнский капитал” бигиранд.

Шарти дигари додани сармояи модарона он аст, ки кӯдак ҳам бояд ҳатман шаҳрвандӣ дошта бошад. Дар ин бора Медуза хабар дода, қонуни мазкур дар портали “Санадҳои ҳуқуқӣ” нашр шудааст.

Солҳои охир муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тамоми роҳу воситаҳоро истифода мебурданд, то ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро ба даст оваранд. Яке аз сабабҳои талоши муҳоҷирон барои гирифтани шаҳрвандии Россия ба даст овардани имкони дастрасӣ ба “Материнский кампитал” буд.

Муҳоҷирон баъди гирифтани душаҳрвандӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ ба гирифтани “Материнский кампитал” имкон пайдо мекарданд, бар замми ин, барои ҳар як фарзанди ноболиғашон кӯмакпулӣ мегирифтанд.

Азбаски аксари оилаҳои муҳоҷири тоҷик серфарзанд мебошанд, баъди гирифтани душаҳрвандӣ аз ҳисоби давлати Россия барои кӯдаконашон маблағи зиёде мегирифтанд, ки ин норозигии мардуми маҳаллиро ба миён овард.

Баҳсу мунозираҳои шадид дар ин мавзӯъ боиси он гашт, ки ин масъала аз ҷониби президенти ин кишвар дар сатҳи давлатӣ ҳаллу фасл карда шуда, ба қонун дар бораи додани “Материнский капитал” тағйиротҳои ҷиддӣ ворид карда шаванд.

Ҳамин тавр шурӯъ аз 1-январи соли 2024 муҳоҷирон бо гирифтани шаҳрвандии Россия низ дигар наметавонанд барои фарзандони хурдсолашон, ки дар кишвари дигар ба дунё омада, аллакай 3-4 сола шудаанд ва шаҳрвандии Россияро надоранд “Материнский капитал” бигиранд, зеро шартҳои асосии пайдо кардани ҳуқуқ ба гирифтани сармояи модарона тибқи қонуни нав шаҳрванди Федератсияи Россия будани волидони кӯдак ва худи кӯдак мебошад.

Ёдрас мешавем, ки айни замон дар Россия занон барои тавлиди фарзанди якумашон 586 947 рубл ва барои кӯдаки дуюм 188 682 рубл “Метеринский капитал” мегиранд.

Дар сурати қабл аз соли 2020 ба дунё омадани кӯдаки якум ва баъди ин тавлид кардани фарзанди дуюм ба занҳо ба маблағи 775 628 рубл “Материнский капитал” дода мешавад.

Мақсад аз додани “Материнский капитал”дастгирии оила аз ҷониби давлат буда,маблағи мазкурро танҳо ба корҳои ниҳоят муҳиме, ки ба беҳтар шудани шароити зисту зиндагии кӯдакон мусоидат менамояд, сарф кардан мумкин аст. Бештар маблағи мазкурро барои харидани хона ва таҳсили кӯдакон сарф мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД