Санаи 11-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои охири даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи “Е” баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи Варзиш ТВ.
Дастаи занонаи Тоҷикистон дар даври охир аз тими Покистон бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрд. Дар бозии дигар фаворити асосии гурӯҳ, тими Филиппин, ки имсол дар Ҷоми ҷаҳон-2023 ширкат мекунад, бар тими Ҳонконг бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд.
Ҳамин тавр, мунтахаби бонувони Тоҷикистон пас аз се даври мусобиқа аз мунтахабҳои Ҳонконг (3:0), Филиппин (8:0) ва Покистон (1:0) ба шикаст рӯ ба рӯ шуда, имкони роҳ ёфтан ба даври дуюми марҳилаи интихобии мусобиқаро аз даст доданд.
Филиппин дар гурӯҳи мазкур роҳхати даври дуюми марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024-ро ба даст овард.
Дар назар аст, ки бозиҳои даври дуюми интихобӣ аз 23 октябр то 31 октябр баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 гурӯҳ 7 мунтахаби беҳтарин- Ӯзбекистон, Эрон, Ветнам, Таиланд, Филиппин, Тайван ва Ҳиндустон ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Бо ғолибони ҳафт гурӯҳ , ки ба даври дуюми интихобӣ роҳ ёфтанд он ҷо боз панҷ дастаи беҳтарини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.