Formula novemver 2024
Занҳо худашон гап партон айби ман чӣ?
7490

 

Насиба:  Рӯзи шавҳарамро сиёҳ мекунам, агар…

Шавҳарам марди зебои чор кас медидагӣ ва бар замми ин, пулдор аст. Дугонаву ҳамсояҳоям рӯирост ба ман ҳасад бурда мегуфтанд, ки ҳушёр шав, боз шавҳаратро аз таги биният набаранд.

Ман ҳам чандон зани безебу назарногир нестам, бар замми ин панҷ панҷаам ҳунар аст. Азбаски мардакам дар гирди ману бачаҳояш парвона ва зиндагиамон ширину гуворо буд, ягон бор ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеомад, ки ин марди ғамхору меҳрубон маъшуқабозӣ карда метавонад. Шавҳарам субҳ аз пайи кору бори худаш аз хона мебаромаду бегоҳӣ хеле дер ба хона бармегашт, вале ман ба ин чиз аҳамият намедодам. Азбаски пайваста аз рақами телефони корхонаашон занг мезад, дилпур будам, ки дар ҷойи кор ва аз пайи ташвишҳои худаш овора аст, вале… Як бегоҳ дар хона меҳмон доштем. Шавҳарам бо чақ-чақ овора буд, писарчаи хурдиам бошад, ноаён телефони падарашро гирифтааст. Баъди андаке бозӣ кардан писарам телефонро ба дасти ман дод. Саҳифаи паёмакҳояшро кушодаму ҳуш аз сарам парид. Аз як рақами ношинос ба телефони шавҳарам чунон паёмакҳои ошиқонае омада буданд, ки бо хонданаш ҳайкал барин дар ҷоям шах шуда мондам. Паёмакҳо маро «девона» карданд, аз шиддати қаҳру ғазаб тамоми вуҷудам ларзида, мехостам шавҳарамро буғӣ карда кушам. Шавҳарам фош шудани сиррашро фаҳмида ранги рӯяш пахта барин канд. Меҳмон доштанамонро ҳам фаромӯш карда ба шавҳарам дарафтодам ва сару рӯяшро канда, куртаашро дар танаш тика-тика кардам. Модашери захмин барин аррос зада талаб мекардам, ки талоқи маро диҳад, вале меҳмон ба байн даромада бо азобе моро ором кунонд. Шавҳарам худашро мӯсичаи бегуноҳ гирифта мегӯяд, ки касе хато карда ба ӯ СМС фиристодааст, вале ман ба ин гап бовар надорам. Саҳван одам як бор менависад, ду бор менависад, наход 5 СМС-и пур аз ишқу муҳаббат тасодуфан ба ӯ омада бошанд?! Мардакам гумон мекунад, ки мани хонашин чунон гӯлу содаам, ки чизе гӯяд, бовар мекунам, вале тушбераро хом шумурдааст. Минбаъд ҳар қадами ӯро зери назорат мегирам. Маъшуқа доштанаш исбот шавад, ана баъд рӯзашро сиёҳ мекунам!

 

Аз нақли шавҳар:

Занҳо худашон гап партон айби ман чӣ?

Ман то ба имрӯз ба занам нагуфта будам, вале ҳоло ба шумо иқрор мешавам, ки дар ҳақиқат зане маро дӯст доштааст ва ҳар рӯз СМС мефиристад, аммо байни мо чизе нест. Ҷавонзани зебову дидадаро ва инсони хуб аст, вале ман зану фарзанд дорам ва намехоҳам барои айшу ишрати лаҳзаинаи худ шуда ҳаёти аҳли оилаамро талх созам. Паёмакҳояшро хонам ҳам, ягон бор ба номаҳои пурмеҳри он зан бо муҳаббат ҷавоб надодаам. Волидонам маро чунин тарбият намудаанд, ки ба ҷинси латиф дағалӣ карда наметавонам. Гумон доштам, ки ҷавоб надодани маро дида дили он зан хунук мешавад ва дигар ба ман СМС наменависад, вале бало аз таги по мехезад гуфтагӣ барин, телефон ба дасти ҳамсарам афтиду кор расво шуд. Барои чанд паёмак шуда ҳамсарам дар ҳузури меҳмон обрӯи маро ба хоки замин баробар кард. Акнун мардум гумон мекунанд, ки ман як марди бевабоз ҳастам ва ҳар рӯз дар хонаам ҷангу ҷидол аст. Вақтҳои охир натанҳо ҳамин бону, балки занҳои зиёде бо ишваю ноз сӯям гап мепаронанду пешниҳодҳои ҳархела мекунанд, вале хотири оилаву фарзандонам ман ба онҳо аҳамият намедодам. Занам аз рӯйи як паёмак ин қадар шӯру мағал бардошта, дили маро аз зиндагӣ хунук кард.

 

Маслиҳати равоншинос:

Сабаби ба шӯр омадани занатон дар он аст, ки шумо йигити чор кас медидагӣ ва аз рӯйи нақли завҷаатон падари хуб ҳам ҳастед. Ягон зан намехоҳад, ки шавҳари хубро аз таги бинияш кашида баранду сарсону саргардон шавад. Ҳурмату эҳтиром кардани зан хуб аст, вале ҳама чиз меъёр дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД