Солҳои пеш футбол бозии сирф мардона маҳсуб меёфт, вале дар замони муосир занҳо дар ин ҷода низ аз мардон кам набудани худро исбот кардани шуда, рӯ ба ин намуди варзиш овардаанд.
Бонувони Осиёӣ низ аз ҳамҷинсони дигарашон қафо намонда, футболбозиро сар карданд ва инак бори аввал дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Миёна (CAFA) чемпионат футбол дар байни занон баргузор мегардад.
Дар нахустин чемпионати футболи занона командаҳои миллии занони футболбоз аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Шарқи наздик иштирк хоҳанд кард. Тавре ки Азия-плюс хабар додааст, дар доираи чемпионати мазкур дар байни командаҳои занонаи футбол 10 бозӣ барпо гашта, хонумҳои футболбоз қуввату маҳорати худро дар майдон нишон медиҳанд.
Чемпионати занонаи футбол дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Футболбоздухтарони тоҷик санаи 8-июл бо командаи бонувони футболбози Туркменистон, 11 июл бо футболбоззанони Ӯзбекистон, 14 июл бо хонумҳои футболисти Эрон, ва 20-июл бо командаи духтарони футболисти Қирғизистон қувваозмоӣ хоҳанд кард.